Дар кишвари мо, як нафар инсони вобаста ба ҳукумат агар исломгароҳо ва руҳониҳо ва ба истилоҳ муллоҳои воқеиро (на муллоҳои дарбориро) ба унвонҳое чун “ақибуфтода”, “миёнарав”, “муртаҷеъ” ва “вобаста” бихонад, ин қобили фаҳм аст. Зеро сиёсати имрӯз дар кишварамон мутаассифона бар ҳамин шева ва равиш мубтанӣ аст, ки умедворем даст аз ин корҳо бардоранд.
Аммо як шахсияти ғайри ҳукуматӣ — ҳар касе, ки ҳаст, чӣ як нафар ба истилоҳ “рӯшанфикр” бошад ё як “донишманд” ё ҳунарманд, хулоса, ҳар ки ҳаст – агар барои худ жести равшанфикрӣ бигирад ва руҳонияти воқеиро дар ин кишвар ба ин унвонҳо бихонад, пас бидонад, ки ӯ охирин нафаре аст, ки ҳақ дошта бошад чунин бигӯяд. Аслан, ҳаққи чунин кореро надорад.
Дар ҷаҳони ислом аз ҷумла Осиёи Миёна, агар иззат ҳаст, сарбаландӣ ҳаст, миллатдӯстӣ ҳаст, мубориза барои истиқлол ҳаст, озодихоҳӣ ва озодидӯстӣ ҳаст, инҳоро шумо фақат дар чеҳраи ҳамин муллоҳо ва руҳониҳое суроғ доред, ки ҳоло “муртаҷеъ” ва “миёнаравашон” мехонед!
Вақте русҳо пояшонро ба ин сарзамин боз карданд (ҳатто қабл аз омадани болшевикҳо), ин руҳониҳо ва муллоҳо буданд, ки даст ба шамшер бурданд ва барои сарзамини худ мубориза карданд ва шумори зиёде аз онҳо шаҳид гардиданд ва шуморе ҳам асир. Эшони Дукчи, ки дар водии Фарғона алайҳи русҳои ишғолгар даст ба мубориза бурд, муҷоҳидоне, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, бештар тоҷикҳо буданд; аз Исфара, Конибодом, Ашт ва куллан ин манотиқ. Зеро он даврон Тоҷикистоне набуд, балки ё Аморати Бухоро буд ва ё Хонигарии Қӯқан.
Замоне ҳам, ки болшевикҳо пояшон ба ин сарзамин расид, муҷоҳидон ва касоне, ки алайҳи кумунистҳо ҷиҳод карданд, инҳо бештар мулло ва руҳонӣ буданд, ки имрӯзҳо “босмачиашон” мехонанд.
Ҳамин имрӯз, ки зулму ситаму худкомагӣ ҳама ҷоро пур кардааст, касоне, ки алайҳи ин бедодиҳо садо баланд кардаанд, бештарашон мулло ва руҳонӣ ва исломгаро ҳастанд, ки ҷояшон имрӯз ё дар зиндон аст дар дохили кишвар ё овораю сарсону саргардон дар дигар кишварҳо паноҳанда ҳастанд.
Оё шумо, ки барои худ жести равшанфикрӣ мегиред ва аз озодӣ ва озодихоҳӣ сухан мегӯед, замоне ки садҳо нафар бегуноҳ равонаи зиндон шуданд, ҳарфе барои ин зиндониҳо задед?!
Асосан, ҷуръати инро доред, ки ба ҳокими мустабидд ва худкомаи ин барзу бум ҳатто “Алиф” бигӯед?! Коматон ба забонатон часпида ва ҷуз “Пешво” гуфтан, дигар чизе балад нестед! Он вақт ҳақ доред, руҳониҳоро ба ановине чун “миёнарав” ва “вобаста” ва аз ин қабил номҳо бихонед?!
Ҳаргиз аз сафҳаи торихи Тоҷикистон ин лаккаи сиёҳ пок намешавад, ки шеваи мубориза ва пайкор алайҳи озодихоҳонро касоне барои ин ҳукумат ёд доданд ва буқи таблиғотии онҳо шуданд, ки имрӯз ҳоло барои худ жести равшанфикрӣ мегиранд ва мулло ва руҳониро “алайҳи озодӣ ва озодихоҳӣ” муаррифӣ мекунанд.
Инсоф ҳам чизи хубест!
Аз саҳифаи фейсбукии С. Истаравшанӣ