Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет230 сомонӣ —нархи миёнаи либосҳои мактабии истеҳсоли худӣ дар Тоҷикистон

230 сомонӣ —нархи миёнаи либосҳои мактабии истеҳсоли худӣ дар Тоҷикистон

Нархи либоси мактабии истеҳсоли корхонаҳои Тоҷикистон барои соли нави хониши имсола 220-240 сомонӣ ё беш аз 20 доллар таъин шудааст.

Дар ин бора дар суҳбат бо хабаргузории расмии “Ховар” Абдурауф Пӯлодов, як мақоми Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои ватанӣ то имрӯз беш аз 1 миллиону 700 ҳазор адад сарулибоси мактабӣ истеҳсол кардаанд, ки мутобиқ ба талабот будааст. Инчунин, ба қавли ӯ, ба Тоҷикистон либоси мактабии истеҳсоли Узбекистон ҳам ворид мешавад ва ин либос бояд бо арзиши 180 сомонӣ ба фурӯш гузошта шавад.

Дар Тоҷикистон меъёри ягонаи либоси мактабӣ амал мекунад, вале бо вуҷуди иддаои мақомот дар бораи истеҳсоли либоси босифат, шикоят аз начандон қонеъкунанда будани он ва маҳдуд будани имкони харидории либоси мактабии хуб кам нест.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular