Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМолдова ҳудуди 60 дипломати Русияро ихроҷ мекунад

Молдова ҳудуди 60 дипломати Русияро ихроҷ мекунад

Ҳукумати Молдова эълон кард, ки шумори дипломатҳо ва кормандони фаннӣ ва маъмурии сафорати Русия дар Кишинёв аз 84 ба 25 нафар кам карда мешавад.

Дар ин бора Даниэл Вода, сухангӯи сарвазир Дорин Речеан зимни нишасти хабарь иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, шумори мақомҳои дипломатӣ ба 10 ва кормандони фаннӣ ба 15 нафар кам карда шудааст.

«Ин як қарори бунёдӣ буд, ки мақомоти Кишинёв субҳи имрӯз намояндаи Федератсияи Русияро дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар бораи он огоҳ карданд», гуфт Вода.

Ин иқдом дар посух ба як пажӯҳиши телевизиони Jurnal ва The Insider буд, ки гуфта мешуд дар боми сафорати Русия дар Молдова даҳҳо мавҷгир ва антеннаҳои моҳвораӣ насб шудаанд, ки хадамоти вижаи Русия барои назорат аз он истифода мекунанд.

Пас аз ин, Вазорати корҳои хориҷии Молдова сафири Русия Олег Васнетсовро барои шарҳи амалкарди хадамоти махсуси Русия дар Кишинёв даъват кард.

Майя Санду, раисиҷумҳури Молдова гуфт, ки хадамоти вижаи кишвар аз вазъ огоҳ шудаанд ва ба дунбол онҳо «ҳалли ин мушкил»-ро ​​пешниҳод хоҳанд кард ва Нику Попеску, вазири умури хориҷии Молдова аз тарҳи коҳиши теъдоди кормандони сафорати Русия дар Кишинёв хабар дод.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова ба ин тасмими Молдова билофосила вокуниш кард ва таҳдид ба посухи ҳамсони Русия намуд.

Молдова, собиқ ҷумҳурии ИҶШС, ба истиснои Белорус, ягона ҷумҳурии аврупоии собиқ Шӯравӣ буд, ки то чанд муддат қабл зери таъсири Русия қарор дошт. Ҳоло ин ҷумҳури ҳам бо суръат аз Русия фосила мегирад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular