Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЭрон: дар ҷанги Сурия аз 16 кишвари мухталиф воҳидҳои низомӣ доштем

Эрон: дар ҷанги Сурия аз 16 кишвари мухталиф воҳидҳои низомӣ доштем

Ҷонишини фармондеҳи Сипоҳи посдорони Эрон эълом кард, ки ин кишвар дар ҷанги Сурия аз 16 кишвари ҷаҳон ягон (воҳидҳои низомӣ) доштааст. 

Сардор Алӣ Фадавӣ, ҷонишини Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон имрӯз тайи суханоне изҳор дошт: инқилоби исломӣ дар даҳаи 90 ба ҷое расид, ки дар Сурия аз 16 кишвари ҷаҳон ягон дошт. 

Ӯ дар маросими “рӯз ийсор ва муқовамат” дар шаҳри Арок ҳамчунин гуфт: замоне, ки дилҳо яке шуд, ҷисмҳо ба як самт кашонида шуда ва аз 16 кишвари исломӣ 16 ягон дар як лашкар ҷангиданд. 

Гуфтанист барои нахустин бор як мақоми аршади низомӣ-амниятии Эрон эълом мекунад, ки илова бар шибҳинизомиёни ироқӣ, лубнонӣ, афғонистонӣ, эронӣ, озарбойҷонӣ ва покистонӣ, афроде аз 10 кишвари дигар низ таҳти фармондеҳии Сипоҳи посдорон дар Сурия ҷангидаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular