Monday, June 2, 2025
ads
HomeХабарҳоИқдом: Чил рӯзи риштарошӣ дар Хатлон

Иқдом: Чил рӯзи риштарошӣ дар Хатлон

Раёсати корҳои дохила дар вилояти Хатлон аз нав Иқдоми «риштарошон»-ашро бо шумули домуллоҳои маҳаллӣ ва мӯйсафедон оғоз кардааст.

27-уми марти соли 2017 манобеи Паём.нет аз Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Қурғонтеппа дар шарҳи ин хабар ба мо гуфтанд, ки ин Иқдом бо супориши сардори Раёсат сурат гирифта, кори он аз санаи 10—уми марти соли равон шурӯъ шуда, то рӯзи 20-уми апрели соли ҷорӣ ва муддати чил шабонарӯз идома хоҳад кард.

Ба гуфтаи манобеи мазкур, дар Раёсати корҳои дохилӣ дар асл аксар кормандони бахши интизомии вазорат ҳамчун мусалмон ба ин Иқдом мухолифанд, аммо ҳамчун сарбози қаторӣ маҷбуранд, ки аз афсарони худ фармонбардорӣ кунанд. Ҳамзамон манобеи наздик ба Вазорати корҳои дохилӣ дар суҳбат ба мо таъкид кардаанд, ки сирри асосии Иқдоми «риштарошӣ»-и вазорат дар он аст, ки дар дарвраҳои қаблӣ хеле аз кормандони мақомоти қудратӣ бо як тир ду нишон мезаданд: яке хушнудии ҳукумат ва дигаре ба шавҳар додани хешу табори беваашон.

Ҳамзамон летинант майори милиса Алиҷон Сангов (номи мустаъор) дар ташриҳи ин Иқдоми «пурбор»-и Вазорати корҳои дохилӣ гуфт: «Дар солҳои 2014-2015, ки овозаи ин Иқдоми «риштарошӣ» ба гӯши ҳама расида буд, буҳрони иқтисодӣ низ буд ва он пеш аз ҳама ба ҷайби кормандони вазоратҳои қудратӣ зарба зада буд, зеро аксар вақт масъулини мақомоти қудратӣ ба таври шабонарӯзӣ кор мекарданд, вале ҳаққи заҳматҳояшон аз ҷониби вазорату кумитаҳо сари вақт ва пурра пардохт намешуд.

» Алиҷон Сангов меафзояд, «дар рафти ҳамон Иқдом маълум шуд, ки аксар ҷавонҳои ришдор соҳибкор ва одамони пулдору корчалон ҳам ҳастанд, ба ин хотир хеле аз ҳамкорони мо ин Иқдомро як василаи хубе барои дарёфти домодҳои хуб ва муносиб низ истифода карданд.»

Бар асоси маълумоти дарёфтӣ, дар давраҳои «риштарошон»-и солҳои гузашта чанд нафаре аз кормандони воломақи корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ ба ин васила баъзе наздикону пайвандони шавҳармурда ва ё талоқ шудаашонро дубора ба баъзе домодҳои (собиқ) ришдору пулдор ва соҳиби обӯрӯ дар ҷомеа ба шавҳар дода буданд, вале ин навбат дар сатҳи болотаре Иқдоми мазкурро оғоз кардаанд ва эҳтимол ин навбате баъзе аз кормандони мақомоти корҳои дохилии бепадар модарони бешавҳарашонро ҳам ба назар гирифтаанд.

Сафармад Ашӯров, милисаи дигари тоҷик дар ин раванд аз байни ҷавонони собиқ ришдори кишвар домоде интихоб кардааст, дар суҳбат ба мо гуфт: Мо ҳама мусалмонем, мисли дигар шаҳрвандони кишвар дар хеле мавридҳо як нафар ду се оиларо мехӯронем.

Аммо дар вақти «ба тартиб» даровардани риши ҷавонон бо яке аз онҳо шинос шуда будем, баъдтар як ҷияни беваамонро ҳам чун зани дуюм ба вай ба шавҳар додем. Вай ҳам одам асту хоҳишоти нафсониву шаҳвонӣ дорад, зани дуюм шудан, ҳазор бор беҳтар аз бероҳа шудан аст!

» Иқдоми ахири Вазорати корҳои дохила дар бораи «риштарон» асосан дар наҳияҳои атрофи шаҳри Қурғонтеппа, аз ҷумла Хуросону Бохтар, Вахшу Ҷалолидини Румӣ ва Ҷайҳун идома дорад. Дар рафти амалишавии Иқдоми ахир аз раисони маҳаллаҳо сар карда, то намояндагони шаҳраку ҷамоатҳо низ ширкат мекунанд ва онҳо як навъ гашти «масҷид ба масҷид»-ро ба роҳ андохтаанд.

Дар ин миён гаҳе бо шухӣ ва гоҳе дигар ҳам бо тамасхур мӯйсафедонро маҷбур мекунанд, ки ришҳояшонро ба «тартиб» дароварда, худашонро зоҳиран дар назди мардум ва ҷомеа ҷавонтар нишон бидиҳанд, то арӯсшавандаҳо дархости издивоҷ бо онҳоро бипазиранд.

Ба гуфтаи яке аз шоҳидон Аҳмад Бобоёрови 73-сола, сокини ноҳияи Бохтар, ки аз ҷузъиёти ин Иқдоми Вазорати корҳои дохилӣ хуб огоҳӣ доштааст, вақте дар масҷиди деҳаашон дар байни дигар мӯйсафедон ӯро низ маҷбур мекунанд, ки ришашро «ба тартиб» дарорад, вай ҳам ним шӯхиву ним ҷидӣ эълон кардааст, ки то арӯсшавандаи пешниҳод кардаи мақомоти корҳои дохила ду баробар аз худаш ҷавонтар ва хешу табори ягон вазир набошад, ришашро «ба тартиб» намедарорад.

Абдулло Бохтарӣ

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика