Садамаи мудҳиши як мошини боркаш дар Кӯлоб ҷони н камтар аз 15 нафарро гирифт. Шумори кушташудагон ҳанӯз эълон нашуда, аммо шоҳидон мегӯянд садама ҳади ақал 15 кушта ва чандин захмии дигар ба ҷой гузоштааст. Паймони милли Тоҷикистон ба бозмондагони шуҳадо изҳори ҳамдардӣ кард.
Тибқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодиса соати 19:30 дар қисмати шоҳроҳи «Душанбе-Кулоб-Хоруғ», ки аз кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб мегузарад рух додааст. Мошинҳо ба ин кӯча аз самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сарнишеб поин мешаванд ва гуфта мешавад тормози як мошини “Дулан”, ки бори зиёд ва ядак (притсеп) ҳам доштааст, канда мешавад.
Дар наворе, ки хонандагони “Паём” ирсол карданд, дида мешавад мошини бузурги борбари дорои ядак бо суръати хеле баланд вориди шаҳр мешавад ва чанд мошинро пахш крада мегузарад.
Додситонии кулл низ ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст.
Вазорати корҳои дохила эълон карда, ки мошини боркаш ба ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” таалуқ доштааст.
Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифини тоҷик дар хориҷ “ҳамдардӣ ва таслияти амиқи худро ба мардуми Тоҷикистон ва хонаводаҳои қурбониён барои талафоти ҷонӣ, ки бар асари садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб рух дод”, иброз кардааст.
“Аз Худованди карим барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират, барои хонаводаҳояшон сабри ҷамил ва барои маҷруҳин шифои комил хоҳонем” — омадааст дар таслиятномаи ПМТ.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

