Friday, March 6, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМузокироти Укроин дар Ҷидаи Арабистон бидуни баёнияи ниҳоӣ поён ёфт

Музокироти Укроин дар Ҷидаи Арабистон бидуни баёнияи ниҳоӣ поён ёфт

Мушовирони амниятии дасти кам 40 кишвар дар Ҷида дар бораи гомҳои сулҳ дар Укроин гуфтугӯ карданд. Нишасти Ҷида бидуни баёнияи ниҳоӣ поён ёфт. Чин дар ин нишаст ба таври “фаъол” ширкат кард. Бразилия хостори ҳузури Русия дар ин навъ нишастҳо шуд. 

Намояндагон беш аз 40 кишвар дар Арабистони саудӣ дидор карданд то дар бораи поён додан ба ҷанги таҷовузкоронаи Русия дар Укроин музокира кунанд. Ин дидор пас аз чандин соати гуфтугӯ пушти дарҳои баста асри шанбе 5 август дар Ҷида поён ёфт. 

Маҳофили дипломатики аврупоӣ гузориш доданд, ки дар мавриди нукоти аслии роҳҳали сулҳ, монанди “тамомияти арзӣ ва ҳокимият”-и Укроин тавофуқ вуҷуд дорад аммо баёнияи ниҳоӣ пас аз ин дидор мунташир нашуд. 

Кадом кишварҳо дар нишасти Ҷида ширкат карданд 

Амрико, Олмон, Чин, Ҳинд ва Африқои ҷанубӣ ва ҳамчунин кишварҳои дар ҳоли тавсеа дар нишасти Ҷида ширкат карданд. Русия, ки 17 моҳ пеш ҷангро оғоз кард даъват нашуда буд. 

Маҳофили дипломатики аврупоӣ гуфтанд, ки Чин “фаъолона” дар ин нишаст ширкат дошта ва дидгоҳҳои “мусбат”-и худро дар бораи бештар шудани нишастҳои эҳтимолӣ иброз кардааст. 

Бразилия: муваффақияти нишасти Ҷида дар гарави ҳузури Русия аст 

Селсо Аморим, дастёри раисҷумҳури Бразилия ва раиси ҳайати бразилиягӣ дар баёнияи худ хостори музокироти воқеии ҳама тарафҳо аз ҷумла Русия шуд. 

Ӯ дар суханронии худ низ таъкид кард: “ҳатто Укроин бузургтарин қурбонӣ ҳам бошад, агар воқеан хоҳони сулҳ ҳастем, бояд Маскавро ба наҳве дар ин раванд шарик созем”. 

Мавзеъи намояндаи Укроин 

Андрей Ярмак, раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Укроин, ки раёсати ҳайати намояндагии кишварашро дар нишасти Ҷида бар ӯҳда дошт, дар мусоҳибае, ки рӯзи ҷумъа 4 август мунташир шуд гуфт: “ҳақиқат бо мост”. 

Ӯ афзуд қарор аст барномаҳои сулҳи мухталифи пешниҳодшуда аз сӯи Бразилия, Чин ва кишварҳои Африқоиро бо тарҳи даҳ модаи Зеленский ҳамоҳангсозӣ кунанд. 

Хостҳои даҳгонаи Зеленский аз ҷумла хурӯҷи комили Русия аз хоки Укроин, поён додан ба тамоми хусуматҳо, озодии ҳамаи зиндониён ва табъидшудагон, баргузории як додгоҳи байналмилалии вижа барои баррасии ҷиноёти Русия ва як қарордоди сулҳ аст. 

Арабистони саудӣ бузургтарин содиркунандаи нафти хоми ҷаҳон аст ва аз наздик бо Русия дар заминаи сиёсати нафтӣ ҳамкорӣ мекунад. Ин кишвар бар равобити худ бо ду тарафи даргир дар ҷанг таъкид карда ва қасд дорад миёни Укроин ва Русия миёнҷигарӣ кунад. 

Нишасти Ҷида ба думболи музокироти ғайрирасмии Копенгаген дар июни соли ҷорӣ баргузор шудааст. Дар ин нишаст ҳам баёнияи расмие мунташир нашуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular