Friday, March 6, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАввалин медалҳои варзишгарони тоҷик дар Минск

Аввалин медалҳои варзишгарони тоҷик дар Минск

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалини медалҳои худро ба даст оварданд. Дар ду рӯзи аввали мусобиқаҳо дзюдочиёни тоҷик  ду медал  ва дар намуди куштии юнониву румӣ як медалро соҳиб шуданд.

Дар ин бозиҳо қариб 130 варзишгар ва мураббиён аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд, ки 24 нафарашон  занон мебошанд.

Варзишгарон тоҷик аз рӯи 13 намуди варзиш, аз қабили бокс, куштии озод, куштии юнону румӣ, каратэ, варзиши сабук, самбо, стритбол, шиноварӣ, тирандозӣ ва ғайра қувва меозмоянд.

Ёдовар мешавем, ки шоми 5 август дар  шаҳри Минск маросими ифтитоҳи Бозиҳои II кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

Гузашти варзишгарони кишварҳои иштироккунандаи бозиҳо ва барафрохтани парчамҳои Беларус ва ИДМ аз ҷониби варзишгарони шинохтаи  Беларус дар яке аз майдонҳои асосии Минск – «Минск Арена» баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа варзишгарон аз 23 кишвари ҷаҳон қувваозмоӣ менамоянд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular