Фоҷеъаи Кӯлоб, ки ҳудуди 15 нафар ва ҷароҳати чанд нафари дигару хароб шудани хонаҳову мошинҳо гардид, баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, ки аз нокоромадии комили ҳукумат баҳс мешавад.
Ин фоҷеъа бори дигар нишонд дод ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пой аз тормози идораи кишвар бардошта ва онро ҳаволаи тақдир кардаву худашу хонаводааш танҳо дар фикри ҷамъоварии сарватанд.
Бо вуҷуди бузургии фоҷеъа, ки инак наздики се шабонарӯз аз он мегузарад, Эмомалӣ Раҳмон на ба назди мардуми мусибатзада рафтааст ва на ҳатто ба онҳо намудааст.
Ин ҳам назари чанде аз таҳлилгарон:
Меҳмоншо Шарифов:
Мегӯянд гунаҳкор кист, бале гунаҳкор ҳукумат аст ки чунин шароити “рӯ ба раҳми Худо”-ро шакл додаанд. Дар таҳлилҳои мардум ҳам ин маъниро дарк ва дидан мумкин, ки ҳукумат ба ҷои расидагӣ ба мушкилиҳои мардум, ки буҳрон солҳо боз ошкор кардааст, фасод, дуздӣ ва дуруғро инкишоф дода. Ҳамин аст, ки чун ба мушкилиҳо расидагӣ нашуд ва ҳалли худро наёфтанд ҳатман ин мушкилиҳо бо фоҷеъа анҷом хоҳанд ёфт. Бале, мардум дар ин ҳолати рӯ ба раҳми Худо аз тақдир ва ҳақ будани марг ҳарф мезананд, ки дуруст аст, вале ин маънии онро надорад, ки аз ақл кор нагирӣ, масъулият ва ҷавобгариро фаромуш карда бошӣ. Он чи гузашт ва мегузарад ишорат ба ҳамин нукта мекунад, ки ин фоҷеъа аввалин нест ва охирин ҳам нест…Куҷо мотами миллӣ, ки дар ин кишвар солҳо боз мардум дар раванде ҳастанд, ки “рӯзи хуби миллӣ”-ро надидаанд…
Ҳамин вазирҳо, ва раисони шаҳру ноҳияҳо, ва умуман ин ҳукумат, ки чоплусҳо кушиши сафед кардани онҳоро доранд, аз воқеъият, аз зиндагии ҳаррузаи мардум дур мондаанд. Ин қавм ҷавобгариро ҳис намекунанд, пайи “ёфтани зиндагии хешанд.” Чун зинаҳои нукари мустаҳкаманд ин қавм аз мансабдорони поёни пора мегиранд ва ба болоиҳо медиҳанд ва худро нигаҳ медоранд. Худ бехатарии вуҷудӣ ва иҷтимоӣ надоранд ва ин шароити бехатариро барои мардум ташкил кардан наметавонанд. Ва ин ки роҳҳо, бино, дидбонгоҳҳои бозрасӣ, бозорҳо, мошинҳо ва тормозҳо, ва умуман дар зиндагии ҳаррузаи худ мардум дар чӣ ҳоланд, коре надоранд. Аслан, ин чизро аз поён то ба боло метавон дидан…кор кардан наметавонанд ва зиндагии мардумро ташкил кардан наметавонанд …
Масъала ин аст, ки ин ҳукумат аз ҳамон фоҷеъаҳои аввалин бояд ба истеъфо мерафт, ки намеравад. Чиро ин ҳукумат бо ин дастгоҳу вазиру раисҳояш, ки сарчашмаи фоҷеъаҳоянд ба истеъфо нараванд?… Шароит ҳамин аст ва аз фоҷеъа ба фоҷеъае дар ҳаракатем ва агар фоҷеъае ба вуқуъ наояд ҳатман онро худи ҳамин ҳукумат ташкил мекунад. Зеро ин ҳукуматест, ки тарс, нобоварӣ, ноумедӣ, хушунат ва фоҷеъа истеҳсол мекунад…. Ин ҳукумат бо хаос, бо фоҷеъаҳо, бо фитнаҳо ва бо будани ҳолатҳои фавқулодда нафас мекашад…Шароитро, барои будани фоҷеъаҳоро ташкил кардаанд ва онҳо бояд руй диҳанд…
Бубинед, ронанда ҳам ки аз ҳолати бади мошинаш хабардор буда, ки дигар наметавонад онро идора кардан, ва ҳатто ба дӯстонаш дар назди бозори “Сомониён” занг задааст, ки мардумро аз роҳ дур ва як тарафа карда бошанд…. ронанда дар ҳолате буд, ки на мошинашро ва на мардуми дар роҳ бударо тавонист дуруст хабардор кардан ки худро эҳтиёт кунанд…Дақиқан, ҳолатест, ки ронандаи аввали ин мамлакат дорад. Тормозҳояш барвақт боз кор намекунанд ва дар ҳолатест, ки дигар на худро ва на мардумро наметавонад аз ин фоҷеъаҳо халос кардан.
Ҳамин аст низоми ашё дар ин мамлакат…
Абдуманнон Шералиев:
Фоҷеъаи Кӯлоб танҳо марги 15 нафару ҷароҳати ҳамин миқдори дигар нест. Ин фоҷеъа гувоҳи дигари марги тадриҷии миллат ва тан доданаш ба он аст. Гувоҳ бар ин ки ҳама мутмаъинанд тақдир аз азал чунин ба қалам рафта ва чорае ҷузъ ин надоранд, ки зери чархҳои мошинҳои “Фароз”-у мушту лагади пулиси кишвар ва ё миллатгарои рус кушта шаванд.
Канда шудани тормози як мошини боркаш дар минтақаи аҳолинишин танҳо як нуқс ё садамаи техникӣ нест. Ин гувоҳи дигари канда шудани тормози ноадолатӣ дар кишвар аст, ки зулму ситам бо суръати тамом пеш медавад ва ҳар касеву чизе аз роҳаш баромад, бепарво пахш мекунад.
Посухгӯ набудани ҳеҷ нафаре дар садамае ба чунин бузургӣ танҳо ба ҳошия рафтани қонун дар кишвар нест. Ин гувоҳи дигари фурӯ рафтани кулли системаи кишвардорӣ аст, ки раият дар ҳеҷ бахше аз зиндагияш кафолате надорад.
Агар система столинӣ буд, барои роҳ додан ба чунин фоҷеъае вазири нақлиёт, молики ширкати боркашон ва чанд нафари дигар сари мизи кориашон парронда мешуданд.
Агар система демокросӣ буд, кулли ҳукумат ба истеъфо мерафт ё мардум ба по мехесту ба истеъфояш мефиристод.
Аммо дар мо худи система вуҷуд надорад. Ва намедонам аслан онро чӣ мешавад номид…
Рустами Ҷонӣ:
Ду чиз аст, ки бояд дар бораи фоҷиаи Кӯлоб бигӯям:
Аввал мошини боркаш ба яке аз шохаҳои ширкати «Фароз» тааллуқ дорад. Ин ширкати Шамсуллоҳ Соҳибов домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.
Барои ҳамин баъд аз вуқӯъи он тамоми қишри ҳукумат ба ҷунбиш даромаданд. Медонанд, ки мардум медонад, ин бесарусомониро дар Тоҷикистон кӣ сабаб аст. Ин ҳама ғусса хӯрдану «Кӯлоби ман» гуфтанҳои ишон ба ҷуз макру ҳаял нест.
Дуввум чиз ин аст, ки то ҳозир номи 12 фавтида маълум шудааст. Бархе аз манобеъ шумори шаҳидонро зиёд мегӯянд.
Ин рақамҳо бо талошҳои гурӯҳҳои маълум, махфӣ мешаванд. Ҳатто инҳо дар телевизори давлатӣ зарур надонистанд, аз ҳодисаи мудҳиши Кӯлоб нақл кунанд.
Ишон намехоҳанд мундариҷаи пур аз таҳсину шодии ин шабакаҳои зиёди беиттилоъи пур аз тавсифро бо гуфтани дарди мардум «олӯда» созанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

