Аз се як ҳиссаи сайёҳонеро, ки соли ҷорӣ аз Узбекситон дидан кардаанд, тоҷикистониён ташкил додаанд. Гуфта мешавад шумори сайёҳони воридшуда ба ин кишвар дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 3 миллион буда, ки ҳудуди як миллион нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
бо такя ба омори давлатииУзбекистон хабар медиҳад, ки 958 ҳазору 500 шаҳрванди Тоҷикистон имсол ба кишвари ҳамсоя сафар кардаанд.
Дар ҷойҳои дуюм то чорум аз назари зиёдии шумори туристонашон шаҳрвандони Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия мебошад. Аз Русия ба Узбекистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 345 ҳазор нафар сафар кардаанд.
Сафари бераводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Узбекистон баъди дар соли 2018 пурра барқарор шудани муносибатҳои сиёсию фарҳангии ин ду ҳамсояи наздик имконпазир шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

