Дар Русия тарҳи қонуне мавриди баррасӣ қарор гирифта, ки метавонад вазъи муҳоҷирони кориро бамаротиб бадтар кунад. Кумитаи буҷа ва андози Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст ҳаҷми пешпардохтҳои собит, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми кор дар Русия пардохта мешавад, боло бурда шавад.
Ин тағйирот ба қонунгузорӣ аз сӯи намояндагони ҳизби “Справедливая Россия”, ки онро Сергей Миронови миллатгаро раҳбарӣ мекунад, омода шудааст.
Тибқи лоиҳаи қонун, ҳаҷми пешпардохтҳои собит, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми кор дар Русия пардохта мешавад, чаҳор маротиба афзоиш ёфта, аз ҳозир 1200 рубли қаблӣ то 4800 рубл боло бурда мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бинобар таваррум ва поинравии қурби рубли русӣ, даромдаи муҳоҷирони корӣ қариб ду маротиба камтар шудаааст. Як сол қабл ҳар доллар дар Русия ба 60 рубл баробар буд, ҳоло қурби доллар ба 100 рубл наздик шудааст. Боло бурдани пешпарддохтҳои собит даромади муҳоҷирон ва сатҳи зиндагии хонаводаҳои онҳо дар кишварҳои муҳоҷирирсолкунандаро боз ҳам поинтар хоҳад бурд.
Дар шарҳи тарҳи қонуни пешниҳодкардаи ҳизби миллатгарои “Справедливая Россия” ба афзоиши нигаронии шаҳрвандони Русия аз теъдоди муҳоҷирони меҳнатии машғули кор дар Русия ва ҳамчунин мушкилоти мутобиқшавии онҳо ба ҷомеаи Русия ишора мешавад.
Гуфта мешавад тибқи натиҷаҳои соли 2022 теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия омадаанд, ба 3,47 млн нафар расидааст. Дар ҳамин ҳол, зиёда аз 90%-и муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон омадаанд.
Дар як сол шумори хориҷиёне, ки барои дароз крадани муҳлати қайди муҳоҷират муроҷиат кардаанд 11,8 млн нафарро ташкил додааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

