Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии интихобии Ҷоми Осиё-2019 шоми дирӯз дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамади Қатар аз дастаи мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.
Ин аввалин бохти дастаи мунтахаб таҳти роҳбарии сармураббии он Ҳаким Фузайлов дар 9 бозӣ ба шумор меравад.
Тавре Ховар хабар медиҳад, оғози вохӯрӣ барои футболбозони мо бобарор буд. Баъди зарбаи кунҷӣ Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 9-ум ҳисобро боз кард. Вале дар дақиқаи 41-ум футболбозони мо ба хатогӣ роҳ доданд ва тӯби ба пеш задаи Сиёвуш Асроровро футболбозони яманӣ соҳиб шуда, ҳуҷуми барқвори худро ташкил доданд ва зарбаи сахти Аҳмад ал-Сарориро Давронҷон Эргашев ноуҳдабароёна баргардонд ва тӯб ба тӯри дарвоза даромад. Ҳисоби баробар дастаҳоро ба танаффус бурд.
Дар нимаи дуюм Ало Муҳаммад Абдулло ал-Сасӣ дар дақиқаи 63-юм голи дуюми дастаи мунтахаби Яманро ба самар расонида, яманиҳоро соҳиби пирӯзии аввал дар бозиҳои гурӯҳи «Ф» кард.
Дар пеш боз панҷ бозии дигар аст. Ҳарифи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон-дастаи мунтахаби Филиппин дар майдонаш дастаи Непалро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Натиҷаи ин бозӣ барои дастаи мо тақдирсоз хоҳад буд. Аз ин рӯ аз камбудиҳо хулоса бароварда, ба бозии дастаи мунтахаби кишварамон тағйирот бояд ворид намуд.