Sunday, March 8, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРадабандии маълумоти боз: Тоҷикистон ба поин, Узбекистон бо суръат бо боло

Радабандии маълумоти боз: Тоҷикистон ба поин, Узбекистон бо суръат бо боло

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии маълумоти бози Open Data Inventory (ODIN) бо касби 42 балл дар зинаи 126-ум қарор гирифт. Радабандӣ дирӯз, 9 август нав шуда, 195 кишвари саросари дунёро фаро гирифтааст.

Таҳиягарони радабандӣ — таҳлилгарони созмони Open Data Watch ҳамасола фарогирӣ ва боз будани омори расмии кишварҳои гуногун барои ошкор намудани камбудиҳо, пешбурди сиёсати маълумоти боз ва ҳавасмандсозии муколама байни мақомоти миллии омор ва корбарони маълумотро арзёбӣ мекунанд.

Пешсафи радабандӣ Сингапур (90 балл) мебошад. Ба панҷгонаи аввал Лаҳистон (Полша), Дания, Финландия ва Норвегия шомиланд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон бо касби 70 балл дар зинаи 30-юм, Қазоқистон бо 63 балл дар мақоми 51-ум ва Қирғизистон бо 63 балл дар зинаи 51-ум қарор гирифтаанд. Туркманистон бо касби 1 балл кишвари аз ҳама пӯшида дар ҷаҳон эътироф шуда, дар зинаи охир — 195-ум ҷойгир шудааст.

ИМА бо 72 балл зинаи 22-юм, Русия бо 62 балл — мақоми 57-ум, Туркия бо 59 балл — ҷойи 66-ум ва Чин бо 37 балл — мақоми 149-умро ишғол кардаанд.

Афғонистон 32 балл гирифта, дар зинаи 167-ум қарор гирифтааст. Кореяи Шимолӣ дар радабандӣ зикр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои хабаргузории “Фергана” бо истинода ба Агентии омори Ӯзбекистон, дар 6 ин кишвар мавқеъаш дар ин радабандиро бо суръат боло бурдааст:

— соли 2015 бо 3 балл дар зинаи охири 125-ум;

— соли 2016 бо 13 балл дар зинаи 168-ум байни 173 кишвар;

— соли 2017 бо 18 балл дар зинаи 167-ум байни 180 кишвар;

— соли 2018 бо 19 балл дар зинаи 168-ум байни 178 кишвар;

— соли 2020 бо 63 балл дар зинаи 44-ум байни 187 кишвар;

— соли 2022 бо 66 балл дар зинаи 40-ум байни 192 кишвар.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular