Wednesday, December 3, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетУкроин ба сокинони 37 минтақа дастури тарки фаврӣ дод

Укроин ба сокинони 37 минтақа дастури тарки фаврӣ дод

Давлати Укроин ба сокинони 37 минтақаи маскунӣ дар шимолу шарқи ин кишвар дастури тарки фаврӣ додааст ва мегӯяд шиддат гирифтани ҳамалоти Русия дар ин манотиқ ҷони шаҳрвандонро таҳдид мекунад. 

Мақомоти минтақаи Купянск, ки дар вилояти Харков воқеъ шудааст, мегӯянд холӣ кардани фаврии минтақа аз сокинон зарурӣ аст зеро Русия ин ноҳияро “бидуни таваққуф зери оташи тӯпхона” гирифтааст. 

Рӯзи панҷшанбе — 10 август давлати Укроин эълом кард, ки як зани сокин ин минтақа дар пайи ин ҳамалоти тӯпхонаӣ кушта шудааст. 

Ҳамзамон артиши Русия муддаии пешравӣ дар ин манотиқ шудааст, ҳарчанд Укроин мегӯяд ҳамалоти русҳоро дафъ кардааст. 

Дар ҳамин ҳол, вазорати дифоъи Русия дар охирин конфронси хабарии худ муддаӣ шуд, ки ҳамалоти неруҳои ин кишвар дар минтақаи Купянск ҳамроҳ бо “пешравӣ ва беҳбуд мавқеияти неруҳо дар хатҳои пеш” будааст. 

Аммо артиши Укроин муддаӣ аст, ки тавониста “бо муваффақият ҳамалоти Русияро дафъ” кунад. 

Асри дирӯз — панҷшанбе, 10 август мақомоти Укроин эълом карданд, ки дар пайи ҳамалоти тӯпхонаи Русия як зан дар рустои Подвали кушта ва як мард ҳам ба шиддат маҷрӯҳ шудааст. 

Ин нахустин бор нест, ки мақомоти минтақаи Купянск дастури тарки фаврӣ барои сокинон он содир мекунанд. 

Дар моҳи марти имсол ҳам дар пайи ташдиди ҳамалоти Русия дар минтақаи Купянск дастури монанд барои тарки фаврӣ ва ҷобаҷоии кӯдакон ва шаҳрвандоне, ки маҳдудияти ҳаракатӣ доштанд, содир шуд. 

Купянск чаҳорроҳаи пайвасткунандаи муҳимме барои ҳамлунақлҳои кишоварзӣ ва тиҷорӣ аст ва ҳамчунон аҳамияти лоҷстикии низомӣ дорад ва аз замони лашкаркашии Русия ба хок Укроин дар феврали соли гузашта, ин минтақа яке аз хутути муқаддами набард будааст. 

Неруҳои Русия бахшҳое аз Купянскро дар ҳамон рӯзҳои нахусти ҳамалоти худ тасарруф кард аммо дар моҳи сентябри гузашта ночор ба ақибнишинӣ шуданд. 

Рӯз панҷшанбе, 10 август мақомоти укроинӣ аз кушта шудани як шаҳрванди дигар дар шаҳри Запороже дар ҷануби ин кишвар хабар доданд ва гуфтанд 9 нафари дигар ҳам дар ин шаҳр маҷрӯҳ шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?