Пулиси Душанбе аз боздошти нафаре хабар дод, ки 2,5 миллион сомониро (ҳудуди 220 ҳазор доллар) қасдан оташ задааст. Дар барномаи махсуси ВКД , ки ҷузъиёти “пулсӯзӣ” шарҳ дода шуд, аз ин нафар Муҳаммадшариф Ҷӯраев ном бурда шуд, к гуфта мешавад 39 сол дошта ва ба қасдан оташ задани пулҳои нақди ширкати “Омега-фудс” ба маблағи ҳудуди 2,5 млн сомонӣ дар автомашинаи шахсиаш гумонбар дониста мешавад
Дар гузориш гуфта мешавад, Ҷӯраев ҳангоми кор дар ширкат вазифадор мешавад, ки 3,5 млн сомонӣ маблағро ба бонк гузаронад. Аммо, тибқи фарзияи пешакии тафтишот, қисмате аз ин пулҳо — ҳудуди 1 млн сомониашро ӯ ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.
“Бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти худ, ӯ ба маблағи боқимонда- ҳудуди 2,5 млн сомонӣ, ки дар дохили халтаҳо дар автомашинааш буданд, бензин рехта, онҳоро оташ мезанад”, — зикр мешавад дар гузориш.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 1 август дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, мақсади оташзании пулҳо ташкил кардани намуди зоҳирии бардурӯғ будааст: яъне гӯё ҳамаи пулҳо — 3,5 млн сомонӣ ҳангоми сӯхтор бо сабабҳои техникӣ нобуд шудаанд.
Зимни гузориш зикр мегардад, ки дар ҷараёни тафтишот Муҳаммадшариф Ҷӯраев ба гуноҳи худ иқрор шудааст.
Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 255, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Барқасдона нобуд кардани амвол) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дар сурати тасдиқи гуноҳ, ба ӯ ҷаримаи калон ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол таҳдид мекунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

