Аз ибтидои имзои созишномаи сулҳ то имрӯз раванди аҷибе дар ҷомеаи мо ҷараён дошт, ки аз чашми мардуми оддӣ пинҳон мондааст. Агарчӣ бо каме таваҷҷӯҳ кардан ва таҳлил метавонад ҳар касе ба ин масъала ба хубӣ сарфаҳм равад.
Ҳукумат аз ибтидо мухолифонаш ба хусус ҲНИТро муттаҳам ба он мекард, ки барои мансаб талош карданд. Аммо аз ҳамон 30% мансабҳое, ки қарор буд ҳукумат ба мухолифон диҳад бо ҳар базонаву дуруғу найранг сар боз зад ва ҳаргиз 30% ба мухолифонаш надод. Аммо ҲНИТ, ки ҳадафи аслиаш истиқрори сулҳ буд ба хотири ин баҳонаҳои кудакона ягон амали таҳрикомез анҷом надоду бар сари паймонаш устувор монд.
Баъдан дар интихоботи раёсатҷумҳур дар солҳои баъдӣ қарор набуд Раҳмон ширкат кунад, аммо бо макру найранг қонунро тағйир доду худашро ба зур ба миллат таҳмил кард. Боз ҳам ҲНИТ танҳо ба хотири онки оромии кишвар ҳифз шаваду Ватан обод бимонад бар ин хиёнат ҳам чашм пушид. Ба ин маъно, ки мухолифати худро дар расонаҳову тамоми доираҳо эълон кард, аммо вазъиятро ноором накард. Дар ҳоле, ки дар он шабу рӯз неру ва тавони ин корро ҳам дошт.
Баъд аз ин дар интихоботи парлумонӣ ҳам боз хиёнат карданд. Боз ҳам раъйи мардумро дуздиданд. Аммо ҲНИТ истиқрори комили сулҳро бар мансабу мақому курсии парлумон авлотар донист ва оромиро ҳифз карду ин хиёнатро ҳам танҳо аз тариқи расонаҳо ва созмонҳои дохиливу хориҷӣ пайгирӣ кард.
Аммо ҳамон касе, ки худашро аз Фиръавн болотар медонисту медонад дар ҳамаҷо ҷор мезанад, ки мухолифон ба хотири мансаб ҷангиданд…
Касе, ки ба хотири мансаб қонунҳоро зери по кард…
Касе, ки ба хотири мансаб наздиктарин афрод ва дустони худашро кушту зиндонӣ кард…(Салихов, Ғафор Мирзоев, Ёқуб Салим….)
Касе, ки ба хотири мансаб рақибонашро заҳр доду номардона ба шаҳодат расонид…
Бидуни шарму ҳаё ҳоло ҳам рақибонашро муттаҳам ба мансабпарастӣ мекунад. Ҳамоне, ки ҳатто аз инки баъди маргаш мансабаш ба каси дигаре бирасад метарсад.
Ҳамоне, ки натанҳо мансабҳо балки тамоми имконоту сарвати кишвару миллатро ҳам азони худ ва хонаводааш кардааст.
Дар муқобил барои миллат чикор кардааст?
Ҳудуди 2 миллион неруи кории миллатро ғуломи дигарон кардааст, ки онҳо беҳуқуқтарин мардум дар кишварҳои дуру наздик ҳастанд. Ҳар сол бештар аз 1000 нафарашон ҷонашонро дар ғурбат аз даст медиҳанд, аммо боре на бо онҳо ҳамдардӣ кардаасту на аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят кардааст.
Баръакс боз онҳоро ба ифротгароӣ ва терроризм муттаҳам мекунад. Сохторҳову расонаҳои ҳукумати беҳикматаш онқадар муҳоҷирони бечораро бад гуфтанду муаррифӣ карданд, ки ҳоло дар тамоми кишварҳо тоҷикро ба унвони ифротиву террорист мешиносанд.
Дар муқобил ҲНИТ ҳамеша аз аҳволи муҳоҷирон хабар гирифтаву барои ҳалли мушкилоташон талош кардааст. Ҳатто агар мушкилашонро ҳал карда ҳам натавониста бошад, ҳадди ақал бо онҳо ҳамдард будааст.
Охирин намунаҳои ин сиёсати “хирадмандона” ва сузандаи ин ҳукумати беҳикматро дар ҳамин ҳафтаи гузашта дар як ҳодисаи хеле аҷиб мушоҳида кардам.
Ҷавони тоҷике дар Истанбул кору фаъолият дошт. Кораш ҳам ин буд, ки аз тариқи мусофирони ҳар парвоз як миқдор молу коло ба Ватан мефиристод ва аз ин тариқ рӯзашро мегузаронд. Ӯро намешиносам аммо гӯфтанд ҷавони хубест, ки кумакаш ба ҳар як тоҷики ниёзманд мерасид. Ҳамаро ба андозаи тавону фаҳмаш кумак мекард. Ҳамроҳи фарзандонаш дар Истанбул зиндагӣ мекунад.
Ҳафтаи пеш яке аз намояндагони ширкати Сомонайр аз ӯ шикоят мекунад. Аз болояш менависанд, ки ӯ ғайриқонунӣ аз кишвари Туркия мол хориҷ мекунад. Аммо моли хориҷ мекардаи ӯ чандон чизе набуд. Ҳар касе метавонад он миқдор молро аз Туркия хориҷ кунад. Аммо онҳо ҳаёти як инсонро бозича карданд. Танҳо ба хотири нафси палидашон.
Ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад. Мутмаиннам агар ӯро ба Ватан баргардонанд чандин туҳмати дигарро ҳам болояш бор мекунанд. Аммо ҳамаи касоне, ки ӯро мешиносанд шаҳодат медиҳанд, ки ҷавони бегуноҳ ва заҳматкаше аст, ки танҳо ба хотири манфиатталабии як туда баднафси золим ба зиндон рафтааст.
Ҳоло зану фарзандонаш дар диёри ғурбат бесаробон мондаанд.
Далели дигар бошад навиштаест, ки дар рузномаи “Ени шафақ” дар Туркия ба нашр расида аст. Дар ин навишта омадааст, ки 5 кудаки тоҷик ҳайрону сарсон мондаанд. Зеро падару модари онҳоро боздошт кардаанд.
Имрӯз режими Раҳмон ба хотири ҳифзи қудрати худаш дар Туркия ҳам мехоҳад ҳамаро террористу ифротӣ муаррифӣ кунад. Ҳоло тоҷики бечора дар Туркия ҳам мисли Русия бадном шудаистодааст. Чаро?
Чунки ҳукумати Раҳмон тоҷикро дар назди мақомоти Туркия террористу ифротӣ муаррифӣ кардаистодааст.
Чандест дар Туркия ҳам аллакай тоҷик барои пулиси ин кишвар ҳамчун ҷинояткор шинохта мешавад. Тоҷик мисли Русия ба як миллати ифротӣ, ҷинояткор ва террорист табдил меёбад. Оё воқеан миллати мо чунин аст?
Агарчӣ баъзе ҷавонон аз дасти зулми ин режим роҳашонро гум кардаанду даст ба амалҳои ифротӣ зада бошанд ҳам, онҳо ҷинояткори билфитра нестанд! Онҳоро маҳз сёсатҳои сузандаи ҳамин Пешво ба ин роҳ бурдааст. Ҳоло бошяд бақияи миллатро ҷинояткор муаррифӣ карданист!
Аммо наҳзати исломӣ ҳамеша талош кардааст, ки ин иттиҳомотро рад кунад ва ба тамоми дунё бифаҳмонад, ки ин ҷавононе, ки имрӯз худро ба куштан медиҳанд ҳама аз зулми ин хонавода аст, на чизи дигар. Онҳоро яъсу ноумедӣ аз ояндаи нек ва ноумедӣ аз озодӣ ба ин роҳ кашондааст ва ба осонӣ бозичаи дасти фурсатталабон мешаванд. ҲНИТ ҳамеша кушидааст то тасвири ин миллатро солим ва саҳеҳ ҳифз кунад ва коре кунад, ки дар чеҳраи тоҷик ҷинояткору террорист набинанд. Умедворем, ки дар ин росто муваффақ шавад ва чеҳраи миллатро сафеду руи “Пешвояшон”ро сиёҳ кунад.