Дар намоишгоҳи байналмилалии фаннӣ-низомии имсоли артиши Русия, Эрон шуморе аз таслиҳоти низомияш аз ҷумла паҳподҳо ва таҷҳизоти ҷанги электироник ва сомонаҳои шиносоии радиоиро ба намоиш гузошт.
Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия, дар ин намоишгоҳ ҳузур ёфта ва ба ғурфаи Эрон рафтааст. Азиз Носирзода, ҷонишини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, низ барои ширкат дар намоишгоҳи низомии Русия ба Москва рафтааст.
Хабаргузории Русия мегӯяд намояндаи Эрон таъкид карда, ки ин кишвар омодаи “ҳамкории низомӣ” бо Русия аст. Ҳамкорӣ ва равобити низомии Эрон ва Русия дар солҳои ахир рӯ ба густариш будааст. Эрон дар солҳои пеш ҳам дар ин намоишгоҳ ширкат карда буд.
Бино ба гузориш илова бар Эрон шаш кишвари дигар дар ин намоишгоҳ мушорикат карданд.
Ба гуфтаи Ризо Хусрави Муқддам, вобастаи низомии сафорати Эрон, дар Русия, “дастовардҳои саноеъи дифоъии Эрон дар ин намоишгоҳ дар маърази диди ширкаткунандгони Русия ва соири кишварҳо қарор гирифт.”
Ҳамзамон гузориш шудааст, ки вазири дифоъи Чин ҳам дирӯз ба Маскав сафар карда ва аз он ҷо роҳии Беларус шудааст.
Чӣ таслиҳот ва таҷҳизоти эронӣ дар намоишгоҳ арза шудааст?
Эрон дар намоишгоҳи байналмилалии артиши Русия, паҳподҳои “Ораш”, “Абобил-5” ва “Карра”-ро ба намоиш гузоштааст.
Бино ба ин гузориш, Эрон дар ғурфаи вазорати дифоъи ин кишвар, системи “Ҳантар-2”-ро дар намоишгоҳ муаррифӣ карда як сомонаи ҷанги электроник аст, ки аз 200 километрӣ қодир ба шиносоии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин аст.
Хабаргузории “Форс” вобаста ба Сипоҳи Посдорон ҳам дар гузориши худ навишта Эрон намудҳои гуногуне аз маҳсулоти низомӣ аз ҷумла паҳподи Шоҳид-129, Шоҳид-133, Ораш-2, Муҳоҷир-6 ва Шоҳинро ироа кардааст.
Пештар Укроин Русияро муттаҳам карда, ки аз паҳподи интиҳории Шоҳид-136 барои ҳамла ба зерсохтҳои ғайринизомии ин кишвар истифода мекунад, ки дар ғурфаи Эрон дар ин намоишгоҳ арза нашуда буд.
Хабаргузории “Форс” навишта “ба назар мерасад вазорати дифоъ дар ин намоишгоҳ илова бар маҳсулоти қадимии худ, маҳсулоти ҷадидеро низ арза кардааст.”
ТАСС мегӯяд илова бар инҳо дар ғурфаи Ҷумҳурии Исломии Эрон паҳподи мураккаби Шоҳин, ки ба навиштаи ин хабаргузорӣ “аввалин паҳподи диҷитоли сохти Эрон аст”, ба намоиш гузошта шудааст. Ин паҳпод бар асоси гузориши ТАСС муҷаҳҳаз ба 5 мотори электроникӣ ва қодир аст 2 то 3 соат дар ҳаракат бошад ва ба ҳаддиаксари баландии парвозӣ дар ҳудуди 4 километр ҳам бирасад.
Бар асоси ин гузориши Эрон макетҳое ҳам аз бомбаҳои ҳидоятшаванда, ҳавопаймои омӯзиши размӣ бо номи “Ёсин”, ва сомонаи мушаки болори зидди киштӣ ҳам дар намоишгоҳ ироа кардааст.
Ҷанҷоли паҳподҳои Эрон
Укроин борҳо Эронро муттаҳам карда, ки паҳподҳои низомии худро дар ихтиёри Русия қарор дода ва Маскав аз ин таслиҳот дар ҷанги Укроин истифода кардааст.
Давлати Эрон ин иттиҳомотро рад кардааст. Мақомоти Эрон мегӯянд пеш аз ҳамлаи Русия ба Укроин теъдоде паҳпод ба он кишвар фурӯхта аммо мақомҳои Укроин мегӯянд фурӯши ин паҳподҳо пас аз шурӯъи ҷанг ҳам идома доштааст.
Бо ин ҳол Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон гуфта мақомҳои укроинӣ санаде дар бораи истифодаи Русия аз паҳподҳои Эрон ироа накардаанд.
Иёлоти муттаҳида лошаи паҳподҳои соқитшуда эронӣ дар Укроинро санад дониста ва гуфта асноди марбута дар ихтиёри мақомҳои укроинӣ гузоштааст.
Иттиҳодияи Аврупо, Бритониё ва Амрико шуморе аз афрод ва ниҳодҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро ба хотири фурӯши паҳпод ба Русия таҳрим кардаанд.