Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон созишномаи нафақа байни Тоҷикистону Русияро имзо кард

Раҳмон созишномаи нафақа байни Тоҷикистону Русияро имзо кард

Созишнома байни Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ва Вазорати кору ҳифзи иҷтимоии Русия ба имзо расидааст, ки нафақаи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро танзим мекунад. 

Ин созишнома тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи июни имсол имзо шудааст.

Дар қарор аз мақомоти Тоҷикистон хоста шудааст, ки Қарордоди ҳамкориро дар бораи таъмини ҳаққи бознишастагӣ байни Тоҷикистону Русия аз моҳи сентябри соли 2021 мавриди иҷро қарор бидиҳанд.

Интизор меравад, бо ҳукми иҷро гирифтани созишнома ҳар муҳоҷири корие, ки дар Русия андози иҷтимоӣ мепардозад, бо расидан ба синни бознишастагӣ нафақа хоҳад гирифт.

Тоҷикистону Русия сари ин созишнома баҳси зиёде доштанд.

Душанбе мехост, Русия пули нафақаро ба Тоҷикистон бидиҳад ва намояндагони ҳукумат пулро ба муҳоҷирони бознишаста расонанд.

Русия ба ин шарт розӣ набуд ва мехост нафақаи муҳоҷиронро пардозад.

Бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия солҳои дароз кор кардаанд, баъд аз расидан ба синни нафақа аз Русия ҳаққи бознишастагӣ намегирифтанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular