Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКашфи пирамидаи нав дар Миср

Кашфи пирамидаи нав дар Миср

Вазорати бостоншиносии кишвари Мисри Арабӣ дар наздикии шаҳри Қоҳира, дар наитҷаи кофтукобҳо як пирамидаи наве кашф шудааст, ки умри он  се ҳазору 700 сол тахмин зада мешавад.

Ин пирамидаи навро бостоншиносони мисрӣ дар навоҳии Дашҳур дар қабристони фиръавнҳои қадим кашф карданд .

Тибқи санҷишҳои мухталиф, пирамидаи кашфшуда марбут ба дудмони сездаҳуми фиръавнҳои Миср мебошад, ки ба асрҳои 18-17 қабл аз милоди Исои Масеҳ бармегардад.

Бино бар расонаҳои мисрӣ Вазорати бостоншиносии Миср, эълом кардааст, ки қисмҳое аз ин пирамида комилан солим аст ва бостоншиносони мисрӣ ба кофтукобҳои худ идома медиҳанд, то ҷузъҳои дигари ин пирамидаро пайдо кунанд.

Пирамидаҳои мисрӣ аз муҳимтарин ва бошукуҳтарин осорҳои қадимаи бар ҷой монда аз тамаддуни Мисри бостон ҳастанд, ки рамзҳои асосии тамаддуни ин кишвар ба шумор мераванд .

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular