Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетКиев дар як рӯз ду чархболи таҳоҷумии Русияро, ки “аз беҳтаринҳои ҷаҳон”...

Киев дар як рӯз ду чархболи таҳоҷумии Русияро, ки “аз беҳтаринҳои ҷаҳон” хонда мешуд, сарнагун кард

Тайпи (бригадаи) 47 механизонидаи Укроин дар Фейсбук эълом кард, ки нерӯҳои ин кишвар ҳудуди соати 7:40 бомдоди панҷшанбе як чархболи К-52-ро бо истифода аз як сомонаи сайёри падофандҳо дар наздикии рустои Руботин дар ҷанубу шарқи Запороже сарнагун карданд. 

Микола Олетшук, фармондеҳи нерӯи ҳавоии Укроин низ дар паёмрасони телеграмм хабар дод, ки як чархболи дигар аз навъи К-52 дар субҳи ҳамон рӯз дар наздикии шаҳри Баҳмут дар шарқи минтақаи Донетск сарнагун шудааст. 

Ба навиштаи рӯзномаи англисизабони “Киев пост”, чархболи К-52, ки дар назди русҳо ба “тимсоҳ” маъруф аст, тавассути Кремл ба унвони “беҳтарин чархболи ҷангии ҷаҳон” тавсиф шудааст. 

Вазорати дифоъи Бритониё низ дар моҳи июл эълом карда буд, ки ин чархболҳо тавонистаанд бартариятро барои нерӯҳои русӣ дар Укроин таъмин кунанд. Ба гуфтаи ин вазоратхона, ин чархболҳо “яке аз сомонаҳои камшумори таъсиргузори таслиҳотии Русия” дар минтақаи Запороже аст. 

Запороже яке аз манотиқи аслии Укроин барои анҷоми “зидди ҳамалот” бо ҳадафи бозпасгирии сарзаминҳои ишғолӣ шудааст. 

Вазорати дифоъи Бритониё ҳамчунин гуфтааст, ки ин чархболҳо “ҳазинаи сангине ба Укроин таҳмил кардаанд” ва эҳтимолан Русия аз нусхаҳои ислоҳшудаи ин чархболҳои муҷаҳҳаз ба мушакҳои дурбурди зидди танк истифода мекунад, ки метавонанд аз падофанди дифоъи ҳавоии Укроин низ убур кунанд. 

Аммо ба назар мерасад, ки Укроин ҳам бекор нанишаста ва дар ҳоли муқобила бо ин чархболҳо аст. Гурӯҳи мустақили назорат бар таслиҳоти “Орикс” (Оryx) бо баррасии шавоҳиди тасвирии мавҷуд, баровард кардааст, ки теъдоди 40 болгард чархболи К-52 осеб дида ё сарнагун шудааст. Албатта ин рақам шомили ду чархболи мунҳадим шудаи рӯзи панҷшанбе намешавад. 

Ин гурӯҳ ҳамчунин баровард кардааст, ки дар маҷмӯъ 88 чархболи русӣ дар Укроин сарнагун шудааст. Ҳамчунин 12 чархболи дигар низ осеб дида ва як чархбол ҳам ба тасарруфи неруҳои укроинӣ даромадааст. 

Нико Ланге, коршиноси олмонии масоили Укроин дар конфронси амниятии Мюнхен, ба “Экономист” гуфт, ки чархболҳои таҳоҷумии К-52 тавассути нерӯҳои укроинӣ “як ба як” гулчин мешаванд; Гувоҳи барои ин мавзӯъ, ки Укроин акнун дар талошҳои худ барои ҳамлаи мутақобил алайҳи нерӯҳои Русия, муваффақтар амал мекунад. 

Ребекка Рамен аз рӯзноманигорони “Бизнес инсайдер” пештар гузориш дода буд, ки ҳар кадом аз ин чархболҳо беш аз 16 миллион доллар арзиш дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?