Номи чандин пирях дар ҳудуди Тоҷикистон иваз карда шудааст. Ба иттилои хабаргузориҳои ва ТАСС, ки бо такя ба Махзани иттилооти ҳуқуқии Тоҷикистон хабар додаанд, қарори тағйири ном се ҳазор пиряху кӯҳҳо, кӯлу дарёҳо ва дигар маконҳои ҷуғрофиро дар ҳудуди Тоҷикистон дар бар мегирад.
Дар бораи қарори тағйир дода шудани чанд ҳазор номи ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 1-уми августи имсол мақомоти Кумитаи рушди маҳалли назди ҳукумат ҳам иттило дода буданд. Вале то ҳол ин феҳрист барои дастраси умум нашр нашудааст.
Ба навиштаи ин расонаҳо, ҳамакнун, исми пиряхи Федченко, ки онро чун бузургтарин дар кӯҳҳои ВМКБ мешиносанд, Ванҷях номида шудааст. Исми пиряхи ба номи Елена Розмирович ба Робиа Озод, пиряхи ОГПУ ба Парчами миллии Тоҷикистон, пиряхи ба номи Серго Орҷеникидзе ба Спитамен, пиряхи ба номи маршал Василевский ба Мирзо Турсунзода, пиряхи ба номи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон иваз карда шуд.
Зимнан, расонаҳои зиёди русӣ ба хабари иваз шудани номҳои пиряхҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳ карда, аксарият инро мавриди танқид қарор додаанд.
Дар гузашта мақомот исми чанд қуллаи баландеро иваз карданд, аз ҷумла, қуллаи Коммунизм бо 7495 метр баландиаш соли 1999 ба қуллаи Исмоили Сомонӣ ва соли 2006 қуллаи Ленин бо 7134 метр баландиаш ба қуллаи Абӯалӣ ибни Сино табдил дода шуданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

