Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаиси ситоди артиши Толибон: созмонҳои истихбороти хориҷӣ ба номи ДОИШ фаъолияти харобкорона...

Раиси ситоди артиши Толибон: созмонҳои истихбороти хориҷӣ ба номи ДОИШ фаъолияти харобкорона мекунанд

Раиси ситоди артиши Толибон муддаӣ шуд, ки дастгоҳҳои истихборотии хориҷӣ ба номи ДОИШ дар Афғонистон даст ба “аъмоли харобкорона” мезананд. 

Фасеҳуддин Фитрат рӯзи якшанбе, 20 август дар ҷаласае таҳти унвони “ҳисобдиҳии давлат ба миллат” гуфт: “Толибон душманони зиёде дорад.” 

Ӯ аз душманон ва дастгоҳҳои истихбороти кишварҳо номи набурд, аммо афзуд: “Толибон талош мекунад то монеъи фаъолияти онҳо шавад.” 

Раиси ситоди артиши Толибон мавҷудияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро ҳам такзиб кард. 

Ҳарчанд эътироф кард, ки шуморе аз аъзои гурӯҳи ДОИҲ ҳам дар Афғонистон ҳузур доранд. 

Ба гуфтаи ин мақоми баландпояи Толибон, ҳанӯз ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ДОИШ даст ба корҳои харобкорона мезанад. 

Фасеҳуддин Фитрат, далели инфиҷорҳоеро, ки дар Афғонистон рух медиҳанд, мавҷудияти “душманони зиёд”-и гурӯҳи Толибон донист. 

 Даргириҳои марзӣ 

 Раиси ситоди артиши Толибон дар ин ҷаласа гуфт, ки дар ду соли гузашта гоҳ-гоҳе дар марзҳои Афғонистон бо дигар кишварҳо даргириҳое сурат гирифтааст. 

Ӯ ин даргириҳоро “шакарранҷе миёни ҳамсояҳо” хонд ва гуфт “табиӣ аст , ки гоҳ-гоҳе миёни ҳамсояҳо даргирӣ мешавад”. 

Фасеҳуддин Фитрат ба таври мушаххас аз даргирии марзӣ бо Эрон ёд кард ва гуфт, ки оғози даргирӣ аз ҷониби муқобил буд ва баъд неруҳои марзии Толибон маҷбур ба посухгӯӣ шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?