Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетНаҷотдиҳандагони тоҷик 13 русро дар қуллаҳои Бадахшон наҷот доданд

Наҷотдиҳандагони тоҷик 13 русро дар қуллаҳои Бадахшон наҷот доданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи аз амалиёти наҷотдиҳии дигари имдодгарони Тоҷикистон дар кӯҳҳои қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 18 август хабар додааст

Тибқи иттилоъи мнабаъ, ҳангоми аз қуллаи “Озодӣ” (то соли 2020 — қуллаи Корженевской, 7105 метр) поин фаромадани кӯҳнавардони Русия, яке аз онҳо — Олег Персикови 38-сола ба ҷарии 300-метра афтодааст.

“Дар натиҷа қабурғаҳои ӯ шикаста, инчунин ангуштонашро ях зада буд. Кӯҳнавардон ба ӯ ёрии аввалияи тиббӣ расонида, то пойгоҳи Москвин овардаанд ва аз ҳодисаи нохуш хабар доданд”, — зикр кардаанд дар Кумита.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 19 август чархболи ширкати “Сомон Эйр” барои ёрӣ фиристода шуда, ҳамаи онҳо ба маркази тиббии “Истиқлол” интиқол дода шуданд ва кумаки зарурии тиббӣ гирифтанд”, — хабар доданд дар КҲФ.

“Ба 3 нафар кӯҳнаварди дигар низ кумак лозим буд. Вера Калистратова аломатҳоии бемории илтиҳоби шуш (пневмония) дошта, Роман Шалин ва Вячеслав Разумов аз баландӣ азият мекашиданд. Ба онҳо низ дар маркази тиббии “Истиқлол” ёрии зарурии тиббӣ расонида шуд”, — гуфт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон вазъи солимии кӯҳнавардон муътадил арзёбӣ шуда, онҳо зери муоинаи мутахассисон қарор доранд.

Детар КҲФ хабар дод кӯҳнавардони русро, ки ҳини баромадан ба кӯҳҳои Помир осеб дида буданд, ба Душанбе овардаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, 13 нафар дар майдони Москвин, дар баландии 4300 метр, буданд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст, ки кӯҳнавардони осебдида рӯзи 19-уми август наҷот ёфта, ҳоло зери назорати пизишкон ҳастанд.

Сафорати Русия мегӯяд, далели сари вақт наҷот ёфтани сайёҳон ин буд, ки пештар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистонро аз масири худ огоҳ карда буданд.

Маъмулан аз нимаи дувуми моҳи июн то нимаи аввали моҳи август мавсими фатҳи қуллаҳои баланд дар Тоҷикистон аст. Даҳҳо сайёҳ дар ин мавсим ба кишвар меоянд ва дар баъзе маврид кӯшиши онҳо номуваффақ анҷом меёбад ё осеб мебинанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?