Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЗеленский: имрӯз мутмаинам, ки Русия шикаст мехӯрад

Зеленский: имрӯз мутмаинам, ки Русия шикаст мехӯрад

Мақомоти укроинӣ мегӯянд набард дар минтақаи Харков дар вазъияти “душворе” қарор дорад аммо нерӯҳои ин кишвар дар ҳоли дафъи ҳамалоти Русия ҳастанд ва ҳафтаи гузашта бархе аз қаламравҳои худро дар шарқи кишвар бозпас гирифтаанд. 

Ҳафтаи гузашта артиши Укроин аз ҳамла ба манотиқе дар наздикии Купянск, дар минтақаи Харков хабар дод. Анна Маляр, муовини вазири дифоъи ин кишвар, рӯзи душанбе дар телевизиони миллӣ вазъият дар Купянскро душвор тавсиф кард ва гуфт: “ҳарчанд душман дар ҳоли ҷазби нерӯҳои бештар ва пешравӣ дар минтақа аст аммо мо ба мудофеъони худ итминон дорем ва душман дар он ҷо шонсе надорад.” 

Ба гуфтаи хонум Малёр, нерӯҳои укроинӣ дар ҳоли пешравӣ дар ҷануби Баҳмут ҳастанд ва “ҳафтаи гузашта дар ин минтақа се километр пешравӣ доштаанд.” 

Баҳмут, шаҳре дар минтақаи Донетск аст, ки дар моҳи май ва пас аз моҳҳо даргирӣ ба тасарруфи нерӯҳои Русия даромада буд. 

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки нерӯҳои укроинӣ дар ҷануби шарқии рустои Роботин ва ҷануби Малая Тимочко дар минтақаи ҷануби шарқии Запороже “муваффақиятҳое” доштаанд, аммо ҷузъиёти аз он ироа накард. 

Зеленский: Русия дар ҷанг шикаст хоҳад хӯрд 

Ҳамзамон бо эъломи пешравии нерӯҳои укроинӣ, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин рӯзи душанбе ва як рӯз пас аз он ки кишварҳои Дания ва Нидерланд ваъда доданд ҷангандаҳои F-16-ро ба Укроин эҳдо хоҳанд кард дар муқобил ҷамъияти зиёде дар Копенгаген гуфт: “имрӯз мутмаин ҳастем, ки Русия дар ин ҷанг шикаст хоҳад хӯрд.” 

Ҳарчанд Киев изҳор мекунад дар ҳафтаҳои гузашта дастовардҳои арзии маҳдуде доштааст ва ваъдаи пешравӣ дар рӯзҳои ояндаро медиҳад, аммо бархе мақомоти Иёлоти муттаҳида мегӯянд ба назар намерасад нерӯҳои укроинӣ битавонанд шаҳри стратегии Мелитополро дар ҳамлаи мутақобили худ, ки аз аввали июн оғоз кардаанд, бозпас бигиранд. 

Ҳамлаи паҳподии Укроин ба Маскав 

Дар муқобил, мақомоти русӣ мегӯянд, рӯзи душанбе як паҳподи укроинӣ ҳадафи падофанди ҳавоии ин кишвар қарор гирифт ва бар асари суқути қатаоти он бар рӯйи як хона дар Маскав, ҳадди ақал ду нафар захмӣ шуданд. 

Эъломи хабари сарнагун кардани ду паҳподи укроинӣ дар Русия мунҷар ба халалдор шудани парвози ҳудуди 50 ҳавопаймо дар дохилу хориҷ аз пойтахти ин кишвар шуд. 

Ожонси федералии ҳамлу нақли ҳавоии Русия (Росавиатсия) эълом кард дар пайи ҳамалоти паҳподии Укроин, вуруду хурӯҷ аз чаҳор фурудгоҳ аслии Маскав (Внуково, Домодедово, Шереметево ва Жуковский) маҳдуд ва ихтилолоте дар барномаи парвози 45 ҳавопаймои мусофирбарӣ ва ду ҳавопаймои борӣ эҷод шудааст. 

Дар моҳҳои ахир ҳамалоти паҳподӣ бо ҳадафи зарба задан дар умқи Русия, ба вижа пойтахти ин кишвар ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст. 

Дар моҳи май Русия муддаӣ шуд паҳподеро бар фарози Кремл сарнагун кардааст, моҳи гузашта низ паҳподе, ки зоҳиран барои осеб расонидан ба вазорати дифоъ дар Маскав вориди фазои шаҳрӣ шуда буд дар наздикии як бузургроҳ тарконида шуд. 

Ҳарчанд мақомоти укроинӣ масъулияти ин ҳамалотро напазируфтаанд аммо бо ризоят дар бораи он сухан мегӯянд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular