Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЕвгений Пригожин кушта шуд (аксу навор)

Евгений Пригожин кушта шуд (аксу навор)

Вазорати ҳолатҳои фавқулъодаи Русия эълом кард дар суқути як ҳавопаймои шахсӣ дар вилояти Твер 10 нафар кушта шуданд. Ожонси ҳамлу нақли ҳавоиии федералӣ (Росавиатсия) гуфтааст, ки дар миёни мусофирон ному насаби Евгений Пригожин вуҷуд дорад. 

Бархе шабакаҳои телеграмӣ қатли Пригожинро тӯҳфа ба рӯзи истиқлолияти Укроин эълом карданд, ки фардо ҷашн гирифта мешавад. Аз рӯзи кӯшиши табаддулоти Пригожин ҳам имрӯз ду моҳи пурра мегузарад.

Ҳамон тавр, ки Вазорати ҳолатҳои фавқулъода мушаххас кадааст, ҷети тиҷории суқуткарда аз Маскав ба Санкт-Петербург парвоз мекард. Имдодгарон дар маҳалли суқути ҳавопаймо кор мекунанд. 

Бархе расонаҳо хабар медиҳанд, ки дар ҳавопаймо ҳамчунин кумондони “Вагнер” Дмитрий Уткин ҳузур доштааст. 

Гуфта мешавад ҳавопаймои дуввуми Пригожин рақами борташ RA-02748, ки каме дертар аз ҳавопаймои аввал парвоз карда буд, баъди муддате гирд гаштан бар фазои фурӯдгоҳи Санкт-Петербург дар ҳоли бозгашт ба Маскав аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular