Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТолибон хоҳони кумаки Узбекистон дар бахши зироат шуд

Толибон хоҳони кумаки Узбекистон дар бахши зироат шуд

Атоъуллоҳ Умарӣ, вазири зироати Толибон хоҳони кумак ва ҳамкории Узбекистон дар бахши зироат шуд. 

Ӯ дар дидор бо ҳайати узбекистонӣ дар Кобул, аз онҳо хост, ки дар таъмини тухмии ислоҳшуда барои кишоварзони афғон ва роҳандозии пружаҳои зироатӣ ҳамкорӣ кунанд. 

Вазорати зироати Толибон рӯзи якшанбе (27 август) дар хабарномае навишт, ки Атоъуллоҳ Умарӣ бо Исматуллоҳ Эргашев, намояндаи раисҷумҳури Узбекистон дар умури Афғонистон дар Кобул дидор кардааст. 

Дар хабарнома омадааст: “дар ин дидор ду тараф перомуни тақвияти равобит ва ҳамкориҳо дар бахши зироат, обёрӣ, молдорӣ ва ҳали мушкилоти сармоягузорони ду кишвар баҳс ва гуфтугӯ карданд.” 

Узбекистон равобити нисбатан наздике бо Толибон дорад ва дар ду соли гузашта аз дигар кишварҳо ҳам хоста то бо Толибон таомул кунанд. 

Вазорати зироати Толибон дар хабарномаи худ навишта, ки Узбекистон ҳозир аст дар бахши обёрӣ, роҳандозии пружаҳои таҳқиқотии зироатӣ ва тавлиди энержӣ бо Толибон ҳамкорӣ кунад. 

Ҳамчунин гуфта шуда, ки Узбекистон омодааст то коршиносони худро барои таҳқиқ дар мавриди хок ба Афғонистон бифиристад. 

Ба гуфтаи вазорати зироати Толибон, ҳайати Узбекистон гуфтааст, ки ин кишвар метавонад дар такмили кори пружаи канали Қӯштепа ҳам бо Толибон ҳамкорӣ кунад. Толибон ҳудуди шаш моҳ пеш эълом кард, ки ҳафтод дарсади ин пружа такмил шудааст. 

Ин канал оби Амӯдарёро ба бахшҳое аз манотиқи вилоятҳои Балх, Ҷузҷон ва Форёб мунтақил мекунад. 

Дар ҳамин ҳол, интиқодҳое ҳам матраҳ шуда, ки Толибон аз ин пружа барои ҷобаҷоии қабоили паштун дар шимол истифода мекунад ва ҳадафи он тағйири таркиби қавмии манотиқи шимолӣ ба вижа манотиқи марзӣ аст. 

Аз сӯи дигар, иҷрои ин пружа нигарониҳоеро дар миёни кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи марказӣ ҳам барангехтааст. 

Узбекистон пеш аз ин гуфта буд, ки хоҳони таъмини ҳаққи оби худ аз Амӯдарё аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular