Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетНаврасони тоҷик ғолиб мусобиқоти CAFA-2023 шуданд

Наврасони тоҷик ғолиб мусобиқоти CAFA-2023 шуданд

Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2023)  байни бозингарони то 17-сола гардид. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа, ки аз 21 то 27 август дар Ҳисор баргузор шуд, панҷ дастаи мунтахаби наврасон – Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 чаҳор бозӣ анҷом дода, 9 имтиёз ба даст овард. Наврасони мо бар дастаҳои Афғонистон (3:1), Қирғизистон (4:1) ва Узбекистон (2:0) ғалаба намуда, аз дастаи мунтахаби Эрон (0:1) мағлуб шуданд.

Дастаи мунтахаби Узбекистон низ 9 имтиёз ба даст овард, аммо ба далели пирӯзӣ дар вохӯрии байниҳамӣ наврасони Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Дастаи Узбекистон медали нуқра ва тими Афғонистон (6 имтиёз) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар натиҷаи ин мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» ба дастаи Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус ба тими Эрон супурда шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқот бозингари дастаи мунтахаби Узбекистон Нурбек Сарсенбоев (3 гол) гардид. Ҳамлагари дастаи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Назриев боманфиаттарин бозингари чемпионати CAFA-2023 эътироф шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?