Дар пайи афзоиши танишҳо дар марзҳои шарқии НАТО вазири дохилаи Лаҳистон рӯзи душанбе эълом кард, ки агар бо дахолати муздурони Вагнер ҳар гуна “ҳодисаи буҳронӣ” рух диҳад, он гоҳ Лаҳистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Балтика марзҳои худ бо Беларусро ба таври комил хоҳанд баст.
Кишварҳои Латвия, Литва ва Лаҳистон ба унвони аъзои Иттиҳодияи Аврупо ва узви НАТО бо кишвари Беларус дороии марзи муштарак ҳастанд, ва аз замоне, ки садҳо муздури Вагнер ба даъвати Александр Лукашенко вориди Беларус шуданд, ҳамаи онҳо нигарони амнияти марзҳои худ ҳастанд.
Илова бар ин, се кишвар Латвия, Литва ва Лаҳистон дар моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши теъдоди муҳоҷирон, умдатан аз Ховари Миёна ва Африқо ба дохили марзҳои худ будаанд. Ин кишварҳо Беларусро ба осонсозии убури муҳоҷирон аз марз муттаҳам мекунанд. Минск ин иддаоҳоро рад мекунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

