Хабаргузории давлати Сурия ба нақл аз як манбаъи низомӣ гузориш дод, ки ҳамалоти ҳавоии Исроил ба фурудгоҳи Ҳалаб воқеъ дар шимоли Сурия, боиси таваққуфи парвозҳо шудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъи низомӣ, ҳамалоти Исроил дар соати 4:30 бомдоди душанбе ба вақти маҳаллӣ аз самти Баҳри Миёназамин дар ғарби Лазиқия оғоз шуда ва дар пайи он “роҳи парвози фурудгоҳи байналмилалии Ҳалаб” осеб дидааст.
Исроил ба нудрат дар бораи ҳамалоте, ки дар Сурия анҷом медиҳад изҳори назар мекунад, аммо борҳо гуфтааст, ки ба душманаш Эрон иҷоза нахоҳад дод ҳузури худро дар ин кишвар густариш диҳад.
Сулаймон Халил, яке аз мақомоти вазорати ҳамлу нақли Сурия низ зимни таъйиди осебҳои воридшуда ба хати парвози фурудгоҳ гуфт, ки тимҳои таъмир ва нигаҳдорӣ аз имрӯз корашонро оғоз мекунанд то фурудгоҳ дар сареътарин замони мумкин фаъолияташро аз сар бигирад.
Бино бар эъломи дидабони ҳуқуқи башари Сурия мустақар дар Лондон, ин ҳамалот анборҳои аслиҳа дар фурудгоҳи низомии Нироб дар ҳавмаи шаҳри Димишқро низ ҳадаф қарор доданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

