Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШӯҳрат Исматуллоевро имрӯз ба хок месупоранд

Шӯҳрат Исматуллоевро имрӯз ба хок месупоранд

Наздикони Шуҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк”, ки моҳи июн аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятӣ рабудаву кушта шуд, гуфтаанд ҷанозаи ӯ зуҳри имрӯз, 30 август дар масҷиди “Сари осиё”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад. 

Тибқи наздиконаш дар Фейсбук, ҷасади Исматуллоев, ки баъди тақрибан 2 моҳи кофтуков дар дарёи Зарафшон дар минтақаи Саразми Панҷакент дарёфт шуд, дар қабристони Сари осиё ба хок супорида мешавад.

Аз падо шудани ҷасади Шуҳрат Исматуллоев, додситони кулл Юсуф Раҳмон, дар нишасти матбуотиаш хабар дода, гуфта буд, ки ҷасади ӯ рӯзи 13-уми август дарёфт ва шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular