Saturday, March 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВКД Русия аз боздошти ду гумонбари қатли Исматуллоев хабар дод. Яке “Дилшоди...

ВКД Русия аз боздошти ду гумонбари қатли Исматуллоев хабар дод. Яке “Дилшоди СП” аст?

Вазорати корҳои дохилаи Русия аз боздошти ду гумонбар дар рабудан ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” дар дар ин кишвар хабар дод. Дар ҳамин ҳол ин ниҳод аз овардани номи боздоштшудаҳо худдорӣ кардааст. Имкон дорад яке аз ин боздоштшудаҳо раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ Дилшод Саидмуродов бо лақаби “Дилшоди СП” бошад.

Ин иттилоъ баъди дидору гуфтугӯи  вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев, ки дирӯз, 29 август баргузор гардид, нашр шудааст.

Колоколтсев, ки аз таҳкими ҳамкории ду вазорат дар соли ҷорӣ ҳарф мезад, аз боздошти ду гумонбари қатли Исматуллоев дар ҷараёни амалиёти байнидавлатии оперативии “Ҷустуҷӯ” мисол зада, гуфтааст дар натиҷаи амалиёти муштараки вазоратҳои дохилаи ду кишвар, ки то охирин лаҳза барои халал нарасонидан ба ҷараёни он, сиррӣ нигоҳ дошта мешуд, “ду гумонбар дар куштори яке аз бонкдорон дар Тоҷикистон боздошт шуданд”.

Ному насаби гумонбарони боздоштшуда зикр намешавад, аммо аз аъзои гурӯҳи ҷиноӣ, ки баъди қатли Исматуллоев Тоҷикистонро тарк карда буданд, тибқи иттилоъи ВКД танҳо ду нафарашон ба Русия фирор кардаанд — Дилшод Саидмуродов ва Акбар Ахмедов. 

Зоҳиран тасмими сафари Рамазон Раҳмизода ба Маскав, ки дирӯз аз он баъди боздошти ин ду нафар ва ба хотири баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон гирифта шудааст. Вазорати корҳои дохила ҳам гузориш дода буд Рамазон Раҳимзода зимни сафари кориаш ба Русия дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев масъалаи дастгир кардани Дилшод Саидмуродовро ба миён хоҳад гузошт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular