Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетАҳли маорифи Осиёи Миёна дар Душанбе ҷамъ мешаванд

Аҳли маорифи Осиёи Миёна дар Душанбе ҷамъ мешаванд

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр мулоқоти вазирони маориф ва ректорони донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, форуми дуюми ректорони донишгоҳҳои минтақа дар доираи вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад.

Интизор меравад, ки дар баробари ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамчунин вазирони маорифи Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намоянд.

Мавзӯи меҳварии мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти илму маориф мебошад.

Гуфтанист, вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе рӯзҳои 14-15 сентябр сурат мегиранд.

Дар мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе имзои як баста санадҳо, аз ҷумла Эъломияи ҷамъбастӣ, созишномаҳо дар соҳаи нақлиёти заминӣ ва сиёсати ҷавонон ба имзо мерасанд.

Тоҷикистон ба ин чорабиниҳо омодагии ҷиддӣ дида истода, бо ҳамкорон аз кишварҳои дигари минтақа дар тамос мебошанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?