Маъмурони мақомоти қудратии Тоҷикистон сабти маросими ҷанозаи Шӯҳрат Исматуллоевро ба хабарнигорон иҷоза надоданд. Наворҳои бардоштаи хабарнигорон аз маросими видоъ аз сӯи ин маъмурон забт ва пок карда шуда, ба рӯзноманигорон ҳушдор додаанд, ки дигар наворбардорӣ накунанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Ҷанозаи муовини собиқи раиси «Ориёнбонк», 30-юми август, вақти намози пешин дар масҷиди Сариосиёи Душанбе ҷанозаи ӯ баргузор гардид. Ӯро баъди намози пешин ба хок супурданд.
Хабарнигорони радио ба манзили марҳум, воқеъ дар кӯчаи Шукуфони пойтахт рафтаанд, вале наздиконаш нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд. Барои наворгирӣ низ иҷоза надоданд.
Дар маросими ҷаноза дар масҷиди Сариосиёи Душанбе низ тадобири шадидӣ амниятӣ ҷорӣ гардида буд ва чаҳор нафар, ки дар тан либоси мулкӣ дошта худро кормандони мақомоти қудратӣ муаррифӣ карданд, наворҳои хабарнигорони Озодиро пок карда, барои иҷрои вазифаҳои касбияшон монеа эҷод намудаанд.
Ин афрод ба хабарнигорони «Азия плюс» ва ҳафтаномаи «СССР» низ монеа эҷод намуда, нагузоштанд онҳо аз маросими видоъ навор гиранд. Телефони мобилии хабарнигори “Азия плюс”-ро тавре худи ӯ нақл кард, бо худ бурданд.
Вақте хабарнигорон аз онҳо пурсиданд, ки наворбардорӣ аз маросими ҷаноза чӣ мушкил дорад, бо лаҳни дурушт посух доданд, ки “шумо ҳақ надоред моро савол диҳед”.
Гуфта мешавад дар маросими ҷанозаи Шӯҳрат Исматуллоев баъзе мансабдорони сатҳи болоӣ, аз ҷумла вазирони рушди иқтисод ва савдо, энержӣ, нақлиёт, чанде аз раисони кумитаву оҷонсиҳои давлатӣ ва бархе аз вакилони порлумон ширкат кардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

