Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРӯҳониёни ҳомии Толибон дар Кобул хоҳони таомули ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин гурӯҳ...

Рӯҳониёни ҳомии Толибон дар Кобул хоҳони таомули ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин гурӯҳ шуданд

Шуморе аз рӯҳониёни ҳомии Толибон дар Кобул дар поёни нишасти худ дар толори Луи Ҷирга (парлумони Афғонистон), бо судури қатъномае хостори таомули ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин гурӯҳ шуданд. 

Бар асоси ин қатънома, онҳо зимни байъати дубора бо раҳбари Толибон, ҳимоят аз ин гурӯҳро “воҷиби шаръӣ ва миллӣ” донистанд. 

Забеҳуллаҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ин қатъномаро рӯзи чаҳоршанбе (30 август) дар сафҳаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х, Твиттери пешин пахш кардааст. 

Муҷоҳид гуфт, ки ин нишаст дар толори Луи Ҷирга бо ҳузури шуморе аз уламо ва раҳбарони қавмии вилояти Кобул баргузор шуд. 

Ҳомиёни Толибон аз ин гурӯҳ хостанд, ки сиёсати хориҷии иқтисодии худ бо кишварҳои минтақаро тавсеа диҳад ва аз тоҷирон хостанд, ки сармоягузории худро афзоиш диҳанд. 

Шуморе аз мақомоти аршади Толибон аз ҷумла Сироҷиддин Ҳаққонӣ вазири дохила, Амирхон Мутақӣ вазири хориҷа ва Абдусслом Ҳанафӣ муовини сарвазири Толибон низ дар ин нишаст ҳузур доштанд. 

Дар бахше аз қатъномаи поёнии ин нишаст ҳомиёни Толибон аз ин гурӯҳ хостанд, ки муқаррарот ва қавонини истихроҷи маодин ва сохтусоз ҳамчунин бюрокросии давлатиро соддасозӣ кунад. Онҳо ҳамчунин бар зарурати омӯзиши улуми динӣ ва модерн бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои исломӣ ва “фарҳанги афғонӣ” таъкид карданд. 

Онҳо ҳамчунин аз Толибон ба далели таъмини амният, мубориза бо маводи мухаддир ва ҷамъовари мӯътодон тақдир карданд ва аз ин гурӯҳ хостанд, ки монанди даври аввали режими худ алайҳ фасод муттаҳид бошад. 

Дар бахше аз қатънома аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста шуд, ки бо Толибон дар заминаи иқтисодӣ ҳамкорӣ кунад ва дар ростои рафъи маҳдудиятҳои бонкӣ ва озодсозии захоири Бонки Марказии Афғонистон иқдом кунад. 

Ҳомиёни Толибон ҳамчунин аз ин гурӯҳ хостанд, ки тамоми аҳкоми мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ин гурӯҳро иҷро кунад, аммо ба дастури раҳбарони ин гурӯҳ дар бораи мамнуъияти омӯзиши духтарон ва иштиғоли занон ишорае накарданд. 

Толибон дар ду соли гузашта бо судури фармонҳои паёпайи омӯзиши духтарон дар синфҳои болотар аз шашум ва кории занону ҳузури онҳо дар амокини умумиро тақрибан ба сурати комил мамнуъ кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular