Tuesday, March 10, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуҳоҷири тоҷик дар Маскав аз ошёнаи 25-ум сарозер шудааст

Муҳоҷири тоҷик дар Маскав аз ошёнаи 25-ум сарозер шудааст

Як муҳоҷири тоҷик дар Маскав аз ошёнаи 25-уми сохтмоне ба замин афтода, ҷон бохтааст.

Ҳоҷимурод Азимови 19 сола, сокини ноҳияи Қумсангир дар яке аз сохтмонҳои минтақаи «Люблино» кор мекард ва рӯзи 29-уми август ҳангоми иҷрои кор аз баландии 25-ум ошёна афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи пайвандонаш ӯ як сол пеш барои кор ба Маскав омада, ҳамагӣ 2 рӯзи пеш дар сохтмони «Люблино» ба кор шурӯъ карда буд.

Ҳоло наздикон барои интиқоли тобути ин ҷавон ба ватан аз афроди хайрхоҳ кӯмак хостаанд.

Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон то ҳазор тобути муҳоҷиронро меоранд, ки дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт додаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular