Monday, March 9, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМаориф ҳамагӣ ду мушкил дорад? Ё нигаронии “пешво” ба чӣ дарде мехӯрад?

Маориф ҳамагӣ ду мушкил дорад? Ё нигаронии “пешво” ба чӣ дарде мехӯрад?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии имсолааш бо ба қавли мубаллиғонаш ба “аҳли маориф” пас аз таърифу тамҷиди ҳамешагӣ аз дастовардҳои “даврони истиқлолият” дар соҳаи маориф аз ду мушкил нигаронӣ кард. Ва ҳатто ваъдаи ба зудӣ бартараф кардани яке аз онҳоро дод. 

Мушкилоте, ки ба дурахши “дастовардҳо”-и ҳукумати Раҳмон дар соҳаи маориф соя афкандаанд ва нагузоштанд “пешво” нутқашро бо зикри танҳо дастовардҳо (ки ҳар кадомаш мавҷи кафкӯбиҳоро дар пай дорад) ихтисос диҳад, иборат буданд аз кам шудани шумори донишҷӯён дар кишвар ва ба ҷои кор ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон. 

Мавзӯъ барои расонаҳо

Расонаҳои кишвар, ки бинобар фазои бисёр пӯшида ва сензура аз дарёфти мавзӯъ барои хабару мақолаҳо мушкилӣ мекашанд, нигаронии Раҳмон аз “ду мушкил” дар соҳаи маорифро ба мавзӯъи саҳифаи аввал ва хабарҳои муҳим табдил доданд.  

Албатта нигаронии раҳбари давлат аз мушкилот дар соҳае дар кишвар хабари муҳим ва лоиқи саҳифаи аввал аст, аммо на дар кишварҳое, ки аз тарафи ҳокимони худкома идора мешавад. Чун дар кишварҳои озод раҳбарияти соҳа дар тасмимгириҳо озоданд ва ҳар дастоварду ҳар мушкил ба худи онҳо бармегардад. Дар натиҷа, нигаронии раҳбари кишвар ва ё раиси ҳукумат ҳатман паёмадҳое дорад, аз ҷумла истеъфои раҳбарияти соҳа ё ҳатто худи раиси ҳукумат (вобаста аз сатҳи мушкил). Ин аст, ки барои расонаҳо мавзӯъ доғ ва актуалист. Аммо дар кишварҳои худкома мисли Тоҷикистон нигаронии раисҷумҳур аз нигаронии як мансабдори оддӣ, масалан раиси ҷамоъат таъсири бештаре надорад. Ба ин масъала поёнтар бармегардем.

Ҳамагӣ ду мушкил?

Маорифи кишвар, ки ба заъфтарин нуқтаи худ ҳади ақал дар 70 соли охир расидааст, наметавонад ҳамагӣ ду мушкил дошта бошад. Ҳатто баршумурдани мушкилоте, ки сари забонҳост, яъне ҳамеша аз онҳо дар расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, маъракаҳо ва ғайра ёд мешавад, ҳаҷми саҳифаҳои тавсияшуда барои як мақоларо азхуд мекунад ва барои ҳарфҳои дигар, ки бояд зада шавад ҷое боқӣ намегузорад.

Ба ҳар ҳол, месазад ҷанде аз онҳо зирк шаванд:

  • Ҳаҷми бисёр ночизи маоши муаллим;
  • Ҳиҷрати саросарии мутахассисони соҳаи маориф ва умуман ҳама соҳаҳо (чун ба омодасозии мутахассисони ҳама соҳаҳо маориф машғул аст, мушкил аввал мушкили маориф аст)
  • сатҳи бисёр поини таълим дар макотиб;
  • фасоди густарда дар ҳама зинаҳои соҳа — аз боғчаи мактабӣ то Академияи улум ва худи соҳаи маориф…

Ин рӯйхатро метавон беохир идома дод…

Аммо чаро “пешво” танҳо аз ду мушкил гуфт? 

Посух ба суол бармегардад ба равоншиносии ҳукуматдории худкома, аз ҷумла ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон. Ҳукуматҳои худкома мардумашонро бояд танҳо аз “дастовардҳо” хӯронанд. Ҳукумате, ки “пешвои миллат” онро сарварӣ мекунад, наметавонад камбудӣ дошта бошад.  Ин ҳукумат бояд ҳамеша муваффақ, кишвараш гулгулшукуфон ва мардумонаш хушбахттарин мардумони ҷаҳон бошанд. Зикри камбудиҳо ба “дастовардҳо”-и ҳукумат (хонда шавад “пешво”) соя меафканад.

Аз ин ҷост, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояш танҳо ва танҳо аз дастовардҳо мегӯяд ва агар камбудиеро ҳам зикр кард, танҳо ҷузъӣ аст. 

Дар ҳамин баромади охираш ҳам “пешвои маорифпарвар” даҳҳо “дастовард”-ро зикр кард, ки дар натиҷа шунавандагонаш маҷбур шуданд даҳҳо бор ба по рост шаванду каф кӯбанд. Аслан ҳамин кафкӯбии пурмавҷ ҳам яке дигар аз дастоврадҳои ҳукуматҳои худкома аст. Тафрит дар он ба ҷое расида, ки ба шумори дақиқаҳои суханронии “пешвои муаззам” наздик мешавад. 

Аммо чун Раҳмон дар асл ҳеҷ дастоварде дар ҳеҷ соҳае надорад, танҳо рақамбозӣ мекунад. Ва аз дӯстдоштатарин баҳсаш ҳам муқоисаи рақамҳо бо давраи аввали истиқлолият, яъне замоне ки қудратро бо кудато гирифт, аст.  Ва ё танҳо рақамҳоро меораду онро бо ҳеҷ рақами дигаре муқоиса намекунад. Масалан дар баромади 1 сентябраш гуфт “соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва фосилавӣ қариб 5000 нафар хонандагони мактабҳои Тоҷикистон иштирок карда, сазовори 124 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 21 нуқра ва 90 медали биринҷӣ гардидаанд”. Аммо ин нишондодро ба ҳеҷ кишваре муқоиса накард. Мардуми оддӣ аз куҷо донад, ки ин нишондиҳанда дар радабандӣ бо кишварҳои дигар дар поёнтарин зина қарор дорад?

Аз одатҳои дигари ӯ нисбат додани дастовардҳои дигарон ба худаш аст. Барои мисол, гуфт “танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст”  аммо нагуфт, ки сарчашмаҳои маблағгузорӣ грантҳои хориҷӣ ва соҳибкорони маорифпарваранд, ки ба ҷои ҳукумати ӯ мактабу донишгоҳ месозанд. 

Сабаби дигари танҳо аз ду мушкил ёдовар шудани ӯ ин аст, ки ҳама мушкиолт зад ҳама соҳаҳо ба худи ӯ бармегарданд. 

Сарчашмаи мушкилот

Фарз мекунем воқеъан дар соҳаи маориф танҳо ҳамин ду мушкил вуҷуд дорад. 

Барои ҳали ҳар мушкиле бояд манбаъ ва сарчашмаи он пайдо ва бартараф шавад, то мушкил ҳал гардад. Биёед бубинем ин ду мушкил аз куҷо сарчашма мегиранд.

Мушкили аввал: кам шудани шумори донишҷӯён

Шумори донишҷӯён замоне шурӯъ ба кам шудан кард, ки ҳукумати Раҳмон масунияти донишҷӯён аз хидмат дар артишро дар се соли қабл бекор кард. Баъди ин қарор шумори довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар бо суръат рӯ ба коҳиш овард ва имсол ба ҳаде расид, ки 37 дарсади курсиҳои донишгоҳҳо холӣ монданд. 

Беш аз сеяк кам шудани шумори донишҷӯён ба ин маънӣ нест, ки шумори довталабони таҳсил ба ҳамин миқдор кам шудаанд. Чун ҳамеша шумори довталабон хеле бештар аз шуморе буд, ки донишгоҳҳо метаовнистанд қабул кунанд. Дар бархе факултаҳо таносуби довталаб бо шумори курсиҳои донишҷӯӣ 25 бар 1-ро ташкил медод. Яъне агар факулат дар як сол 30 нафарро қабул мекард, 750 нафар довталаб мешуданд. Соли ҷорӣ донишгоҳҳо ҳар касеро, ки аз дур ҳуҷҷаташро нишон дода буд, бо камоли майлу хушҳолӣ қабл карданд.

Албатта ҳоло баровард кардани шумори довталабон бо донишҷӯшавандагон тақриабн ғайриимкон аст, чун оморе дар ин бора нашр намешавад, аммо метавон гуфт, ки шумори довталабон на 37% балки беш аз 70% камтар шудааст. Ин ба ин маънист, ки 70% донишҷӯён танҳо ба он хотир таҳсил мекарданд, ки дар артиш хидмат накунанд ё хидмат накардан дар артишро ба бесаводӣ тарҷеҳ медиҳанд. 

Албатта баҳси мушкилоти артиш ҷудогона аст, аммо асли масъала ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар 31 соли ҳукмрониаш на танҳо бахши маорифро ба поинтарин сатҳ расонидааст, балки вазъи артиши кишварашро то сатҳе даҳшатнок сохта, ки мардони ҷавони миллат тарҷеҳ медиҳанд 10 сол (синни даъват ба артиш) дар хориҷ бимонанд, аммо 2 сол сарбоз набошанд. 

Мушкили дувум: ба ҷои кор ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон

Сабабҳои на танҳо ба ҷои кор ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон, балки ин касбро тарк кардани омӯзгорони пуртаҷриба низ зиёданд, ки метавон беохир баршумурд, аммо асоситаринашон иборатанд аз:

  • маоши бисёр ночиз, ки на танҳо барои як моҳ, барои як ҳафта намерасад;
  • истифодаи муаллимон дар “корҳои ҷамъиятӣ”, аз ҷумла интихобот, шанбегиҳо, маҷлисҳои пусу бемаънии ҳукуматӣ, ҷамъоварии пул барои кадом иқдоми ҳукумати марказиву маҳаллӣ ва ғайра;
  • таҳқири муаллимон шурӯъ аз ҳукуматҳои маҳаллӣ то кормандони мақомоти интизомиву амниятиву тафтишотӣ, ки ҳар кадом мекӯшад онҳоро ба нафъи худ истифода кунад;
  • фасоди гуфтарда дар соҳа ва дар натиҷа директори мактаб таъин шудани ҳар дузду ришвахӯр ба ба дипломхаридаҳо додани соатҳои зиёд ва ғайра.

Ҷустуҷӯи сарчашмаи зарду мушкил ҷӯяндаро ба назди “пешвои маорифпарвар” мебарад, ки дар 31 сол(!) натавонистааст асоситарин кадрҳои кишвар — муаллимонро бо маоши дархӯр таъмин созад ва мавқеъашон дар ҷомеъаро боло бибарад. 

Нигаронӣ дар сатҳи Оила

Бо таҳқиқи ба “нигарониҳо”-е, ки Эмомалӣ Раҳмон гоҳо изҳор мекунад, метавон дарёфт, ки ӯ ҳаргиз дар масоиле, ки ба миллату кишвар мушкил эҷод мекунанд, нигаронӣ намекунад. Барои мисол ӯ ҳаргиз аз яке аз бузургтарин мушкилоти миллат — таъқибу таҳқири муҳоҷирон дар хориҷ изҳори нигаронӣ накардааст. Ё аз метр ба метр ғасб шудани заминҳои навоҳии Исфараву Бобоҷон Ғафуров аз таарфи қирғизҳо ва ғайра. 

“Пешвои миллат” замоне нигарон мешавад, ки ба яке аз бизнесҳои хонаводагиаш зарба ворид шавад. Даҳҳо ҳазор довталаб ҳар сол ба яке аз бизнесҳои хонаводагиаш — Маркази миллии тестӣ даҳҳо миллион даромад меварданд ва кам шудани шумори онҳо табиист, ки ин даромадро ҳам камтар мекунад. 

Баъдан коҳиши шумори донишҷӯёну муаллимон ба “бизнес”-и дигари ӯ — рақамбозӣ дар даҳҳо баромадаш дар сол зарба мезанад. Ӯ дигар наметавонад лоф занад, ки дар замони Шӯравӣ дар донишгоҳҳо фалон нафар таҳсил мекарданд, ҳоло ин шумор се баробар шудааст. Чун бо ин ҳол, шумор ба зудӣ аз ҳамони Шӯравӣ низ камтар хоҳад шуд. 

Нигаронии раисҷумуҳри кишвар ва ба иддаои худашу тамаллуқкоронаш “пешвои миллат” ҳаргиз то сатҳи кишвару миллат боло нарафта, дар ҳамон сатҳи хонаводаи худаш, ки ба он кӯтоҳ Оила гуфта мешавад, боқӣ мондааст. 

Ба ҳамин хотир нигаронии ӯ аз нигаронии як раиси ҷамоъат таъсири бештаре надорад ва дар 31 сол ҳеҷ гоҳ нашуда, ки баъди “нигаронӣ”-и Раҳмон ва ба сархати расонаҳо бурдани он, чизе тағйир карда бошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular