Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, якшанбе, 3 сентябр эълом кард, ки артиши ин кишвар аз ибтидои соли ҷорӣ ҳудуди 280 ҳазор сарбоз ҷазб кардааст. Дар авохир фишор болои муҳоҷирон барои бурабни онҳо ба артиш ба таври бесобиқае афзоиш ёфтааст.
Русия аз оғоз ҳамлаи низомӣ ба Укроин дар феврали соли гузашта чандин бор басиҷи умумӣ эълом кард. Ин иқдоми мақомоти русӣ ағлаб бо истиқболи мардуми Русия рӯбарӯ намешавад.
Хабаргузории ТАСС ба нақл аз Медведев гузориш дод: “тибқи эъломи вазорати дифоъ, 280 ҳазор нафар аз ибтидои соли ҷорӣ бо бастани қарордод ба артиш пайвастанд”.
Бино ба ин гузориш, шуморе аз ин афрод ҷузъи неруҳои захира буда ва бахше аз онҳо ба таври довталабона ба артиш Русия пайвастаанд.
Дар ҳамин ҳол, хабарҳои дарёфтӣ ҳокӣ аз онанд, ки “довталабона” бастани шартнома бо артиш бо “кӯмак”-и мақомоти интизомиву амниятӣ ва маҳаллӣ сурат мегирад. Бештари онҳое, ки қарордод бо артишро имзо кардаанд, аз тарафи мақомоти гуногуни Русия таҳти фишор қарор гирифта ва маҷбуран онро имзо кардаанд. Бархе бо таҳдиди зиндон, барзе бо таҳдиди ронда шудан аз кор ва ё мусодираи амвол ва ғайра. Муҳоҷирон ҳам, чи шаҳрвандии Русияро доранд чи на, бо роҳҳои гуногун таҳти фишор қарор мегиранд, то шартномаро имзо кунанд. Дар бешатри шаҳрҳои Русия шикори муҳоҷирон барои бурдан ба артиш бо шиддат идома дорад.
Медведев дар аввали моҳи август эълом карда буд, ки 230 ҳазор нафар аз ибтидои сол ба артишт Русия пайвастаанд.
Аз сӯи дигар, вазорати дифоъ Бритониё дирӯз дар баёнияе эълом кард, ки Русия иттилоияҳои дар интернет мунташир карда ва ба думболи ҷазби муздур аз кишварҳои ҳамсояаш аст.
Вазорати дифоъи Бритониё ишора кард, иттилоияҳое тавассути артиши Русия дар кишварҳои Арманистон ва Қазоқистон мунташир шуда, ки ба унвони пешпардохт барои ҳар муздур маблағи 495 ҳазор рубл (5140 доллар) дар назар гирифта шуда ва моҳона ҳам 190 ҳазор рубл (1973 доллар) ба онҳо пардохт мешавад.
Бино ба ин баёния, Русия бо ҳадафи ҷазби сарбоз барои ҷангидан дар Укроин, раванди додани шаҳрвандӣ ба муҳоҷирон аз Осиёи Миёнаро суръат бахшидааст.
Артиш Русия аз баҳори соли ҷорӣ барои ҷазби сарбоз иттилоияҳои зиёде дар фазои маҷозӣ ва шаҳрҳои гуногуни Русия, ҳамчунин дар кишварҳои ҳамсоя мунташир кардааст.
Кремл дар сентябри сол гузашта барои аввалин бор бо ҳадафи ҷуброн талафоти неруҳои низомии худ тайи ҷанги Укроин, басиҷи умумӣ эълом кард, ки тай он ҳудуди 300 ҳазор нафар ҷазби артиши Русия шуданд.
Бо ин ҳол, эъломи басиҷи умумӣ ба фирори ҳазорон шаҳрванди рус аз кишвар мунҷар шуд.
Медведев, ки аз соли 2008 то 2012 раёсатҷумҳурии Русияро бар ӯҳда дошт, аз ҳаводорони сарсахти ҷанги ҷорӣ алайҳи Укроин ба шумор меравад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

