Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВКД модари Дилшод Саидмуродовро боздошт кардааст

ВКД модари Дилшод Саидмуродовро боздошт кардааст

Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД, Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов, яке аз гумонбарони қатли бонкдор Шӯҳрат Исматуллоевро боздошт кардааст. Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъи наздик ба тафтишот, Соҷида Саидмуродоваи 64-сола, рӯзи 30-юми август бо айбномаи “авбошӣ” дастгир шудааст. 

Тибқи иттилоъи манбаъ, Соҷида Саидмуродова нафақахӯр буд ва ҷойе кор намекард. Писари ӯ Дилшод Саидмуродов баъди рабуда ва кушта шудани Шӯҳрат Исматуллоев ба Русия фирор кардааст. Боздошт ва истирдоди Саидмуродов яке аз ҳадафҳои сафари ахири Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ба Русия буд.

Вазири корҳои дохилии Русия гуфт, маъмурони ин кишвар ду фарди гумонбаршуда дар қатли бонкдори тоҷик Шӯҳрат Исматуллоевро дастгир кардаанд. Номи ин гумонбарон эълон карда нашудд, вале расонаҳо ва таҳлилгарон тахмин заданд яке аз дастгиршудаҳо Дилшод Саидмуродов аст. 

Аммо як рӯз пас аз сафари Раҳимзода ба Маскав ва тахмини таслими Саидмуродов, манбаъи “Паём”, ки бо ӯ дар тамос буда, гуфт Дилшод боздошт нашудааст.  

Радиои Озодӣ ҳамчунин иттилоъ дода, ки моҳи август мақомот модари Акбар Аҳмадовро низ боздошт карданд ва баъди ин ӯ аз Русия омада, худро ба мақомот супурд. Аммо Аҳмадов (дар санадҳо Аҳмедов) чанд рӯз баъд аз боздошт шуданаш ба таври шубҳаангез фавтид ва ӯро пинҳонӣ дар зодгоҳаш ба хок супурданд.

Дар ҳамин ҳол ҳаводиси чанд рӯзи ахир шубҳаву гумонзаниҳо дар парвандаи қатли Исматуллоевро зиёд кардаанд. Таҳлили “Паём” дар ин бора ба зудӣ нашр мешавад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular