Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуҳлати барҳамдиҳии «Тоҷпромбонк»тамдид шуд

Муҳлати барҳамдиҳии «Тоҷпромбонк»тамдид шуд

Додгоҳи иқтисодии Душанбе муҳлати барҳамдиҳии ҶСП “Тоҷпромбонк”, яке аз чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистонро 6 моҳи дигар, то моҳи марти соли 2024 тамдид кард. Дар ин бора “Азия-Плюс” ба ин ниҳод хабар медиҳад.

Ҳамчунин мудири барҳамдиҳандаи он, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида буд, низ иваз шудааст: ҳамакнун, ба ҷои Фирӯз Шарипов, Шодмон Холов масъули барҳамдиҳии бонки мазкур таъйин гардидааст. 

Ба гуфтаи манбаъ, мурофиа субҳи имрӯз, 5 сентябр, дар Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баргузор шуд ва додрас дархости Бонки миллии Тоҷикистонро дар бораи тамдид кардани муҳлати барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” барои 6 моҳи дигар — то марти соли 2024 қонеъ кард.

Ҳоло “Тоҷпромбонк” аз Вазорати молия 76 млн сомонӣ ва аз Бонки миллии Тоҷикистон 26 млн сомонӣ қарздор аст. Инчунин, 26 млн 600 ҳазор сомонӣ уҳдадориҳои “Тоҷпромбонк” назди амонатгузорон низ боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7-уми август Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки “дар асоси таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, баррасии парвандаи муфлисшавии “Тоҷпромбонк” аз 1-уми августи соли 2023 қатъ карда шудааст. Яъне, муҳлат тамдид карда нашудааст”.

Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Шарипов, мудири махсус ва барҳамдиҳандаи собиқи “Тоҷпромбонк” аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода буд, 169 нафар то ҳол 26,6 млн сомонӣ маблағи худро гирифта натавонистаанд.

Дар робита ба ин, Фирдавс Толибзода, муовини якуми раиси Бонки миллӣ, ахиран дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки “Тоҷпромбонк” бояд уҳдадориҳои боқимондаашро дар назди қарздиҳандагон иҷро кунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular