Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШикояти ҳуқуқӣ алайҳи Твиттер ба иттиҳоми кумак ба мақомҳои Арабистон дар нақзи...

Шикояти ҳуқуқӣ алайҳи Твиттер ба иттиҳоми кумак ба мақомҳои Арабистон дар нақзи ҳуқуқи башар

Шабакаи иҷтимоии “X”, ки пеш аз ин бо номи Твиттер шинохта мешуд дар як парвандаи қазоӣ дар Амрико дар кумак ба Арабистони Саудӣ барои нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам шудааст. 

Бино бар ҳамин гузориш шабакаи иҷтимоии “ИКС” бо дархости мақомҳои Арабистон додаҳое аз корбарони худ аз ҷумла иттилооти хусусии онҳоро ифшо кардааст. Ин сатҳ аз ҳамкории “ИКС” бо мақомҳои Арабистон фаротар аз сатҳи ҳамкории ин шабакаи иҷтимоӣ бо мақомҳои кишварҳое ҳамчун Амрико, Бритониё ва Канада аст. 

Ин шикоят тавассути як хоҳари имдодрасони арабистонӣ, ки пас аз нопадид шудан дар ин кишвар ба 20 соли зиндон маҳкум шуд, сабт шудааст. 

Созмони дидабони ҳуқуқи башар чанд рӯз пеш судури ҳукми эъдом барои як корбари интернетӣ ба далели фаъолиятҳояш дар шабакаҳои иҷтимоии Твиттер ва Ютубро маҳкум карда буд. Ин корбар, ки як марди 54 сола аст ба далели “тавсифи подшоҳ ва валиаҳди Арабистон ба гунае, ки дин ва адолатро зери суъол мебарад” муҷрим шинохта шуд. 

Интиқодҳо аз Илон Маск, соҳиби шабакаи иҷтимоии “ИКС” ба далели сукуташ дар пайи судури ин ҳукми эъдом афзоиш ёфтааст. 

Шабакаи иҷтимоии “ИКС” ба дархости расонаҳо барои посухгӯӣ дар бораи иттиҳомҳои матраҳшуда вокуниш нишон надодааст. 

Омори Созмони афви байналмилал нишон медиҳад, ки Арабистон дар соли 2022 пас аз Чин ва Эрон бештарин мизони иҷрои ҳукми эъдомро дошт. Ин кишвар дасти кам 92 нафарро аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун эъдом кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки 148 нафар дар соли 2022 дар ин кишвар эъдом шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular