Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетЮсуф Раҳмон кушта шудани Акбар Аҳмадов дар боздоштгоҳро рад кард

Юсуф Раҳмон кушта шудани Акбар Аҳмадов дар боздоштгоҳро рад кард

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар раддияе ба Радиои Озодӣ хабари марги Акбар Аҳмадов, ки мақомот дар рабудану куштани Шӯҳрат Исматуллоев ҳамдаст медонанд рад кардааст. Ӯ навиштааст Аҳмадов бар асоси парвандаи ҷиноӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда, «дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад».

Вай афзуда, ки хабари Радиои Озодӣ “саҳеҳ ва бо далелҳои боэътимод асоснок нашуда, маълумоти нодуруст дар хусуси фавти ӯ… дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба табъ расидааст.”

Додситони кул иддао карда, бо нашри ин хабар “манфиати давлат, ҳуқуқи озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандон вайрон гардид”.

Радиои Озодӣ ба пойфишории дубораи манобеъаш дар 5 сентябр таъкид карда, менависад ба гуфтаи онҳо иттилоашон дар бораи марги Акбар Аҳмадов (Ахмедов) дуруст аст. Гузашта аз ин, Аҳмадов, ҳамон тавр ки мақомот дар гузашта таҷрибаашро доштанд, то ҳанӯз тавассути шабакаҳои давлатӣ дида нашудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?