Sunday, January 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар ҷашни Истиқлол тоҷикистониён се рӯз истироҳат мекунад

Дар ҷашни Истиқлол тоҷикистониён се рӯз истироҳат мекунад

Сокинони Тоҷикистон имсол дар ҷашни Истиқлолияти давлатӣ 3 рӯз — 9, 10 ва 11 сентябр пайиҳам истироҳат мекунанд.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат — шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад.

Дар ин рӯзҳои ҷашн дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳои идонаи сайругашти оммавӣ, консерт ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ки аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, чорабинии асосии ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти давлатӣ шоми 9 сентябр дар майдони “Истиқлол” баргузор мешавад. Ба сокинон ва меҳмонони пойтахт намоишномаи театришуда бо иштироки сарояндагони маъруф ва ҳунармандон пешкаш мегардад.

Воридшавӣ ва тамошои чорабиниҳои фарҳангӣ дар боғҳои пойтахт бепул аст.

“Азия-Плюс” бо истинод ба хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ки имсол сафороии низомӣ ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлолият бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар майдони “Дӯстӣ” рӯзи 8 сентябр доир мегардад. Оғози гузашти низомӣ — соати 09:00.

Дар гузашти низомӣ ҳудуди 17 ҳазор нафар афсарону сарбозон иштирок мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular