Monday, January 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲамлаи маргбори Русия ба бозоре дар шарқи Укроин; Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо...

Ҳамлаи маргбори Русия ба бозоре дар шарқи Укроин; Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо маҳкум карданд

Ҳамзамон бо сафари Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико ба Киев, ҳамалоти тозаи Русия ба Укроин ба кушта шудани дасти кам 17 нафар анҷомид. 

Хабарнигори Ассошэйтед пресс гузориш дода, ки ҷасадҳои ҷонбохтагонро рӯйи замин дида, ки бо қолин пӯшонда шуда буданд. Ин ҳамалоти тоза дар Константиновка дар минтақаи Донетск сурат гирифтааст. 

Соате пеш аз он ҳам мушакҳои русӣ аҳдоферо дар Киев ва шаҳри ҷанубии Одесса мунфаҷир карданд, ки ба кушта шудани як ғайринизомӣ дар Одесса мунҷар шуд аммо дар Киев талафоте ба сабт нарасид. 

Вазъият дар шаҳри Костантинвока буҳронитар гузориш шуда ва нерӯҳои оташнишонӣ барои хомӯш кардани оташ ба маҳал фиристода шудаанд. 

Денис Шмигал, нахуствазири Укроин гуфта, ки интизор меравад теъдоди куштаҳо аз ин ҳам бештар шавад. Тасовири мунташиршуда дар Ассошэйтед пресс вазъияти бисёр вахимро ба намоиш мегузорд, ки афроди ҷонбохта ва маҷрӯҳ ғарқ дар хун ҳастанд. 

Мақомҳои маҳаллӣ мегӯянд 20 мағоза, хутути интиқоли барқ ва чанд сохтмони идорӣ ва маскунӣ дар асари ин ҳамалот осеб дидаанд. 

Ин ҳамалот ба як бозор анҷом шуда ва ба гуфтаи Владимир Зеленский як кӯдак ҳам дар байни кушташудагон дида мешавад. Раисҷумҳури Укроин ин ҳамларо маҳкум ва онро иқдоме шармовар аз сӯйи “Русияи шайтонӣ” хонд. 

Зеленский ҳамчунин бо ишора ба ин ки ин як ҳамлаи амдӣ ба шаҳри ором буда таъкид кард, ки “Русияи шайтонӣ” бояд ҳарчи зудтар шикаст бихӯрад. 

Итиҳодияи Аврупо ва Амрико маҳкум карданд 

Иттиҳодияи Аврупо ҳамлаи маргбори Русия ба бозоре дар шарқи Укроинро “ваҳшиёна” хонд ва онро маҳкум кард. Сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияе гуфт: “Русия ба таркондани мардуми ғайринизомии Укроин идома медиҳад. Ҳамалоти амдӣ ба ғайринизомиён ҷинояти ҷангӣ аст. Ҳамаи омилон ва ҳамдастони ин ҷиноёт бояд посухгӯ бошанд.” 

Ҳамзамон Кохи Сафед низ ҳамлаи чаҳоршанбеи Русияро “ваҳшиёна” хонд. Карин Жен Пир, сухангӯи Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико гуфт: “ин ҳамалоти ваҳшиёнаи Русия бар лузуми идомаи ҳимоят аз мардуми Укроин дар дифоъ аз хокашон сиҳат мегузорад”. 

Ин ҳамалот дар ҳоле анҷом шуда, ки Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико вориди Киев шуда то ба гуфтаи расонаҳо бастаи ҷадиде аз кумакҳо ба Укроин ба арзиши 1 миллиард долларро эълом кунад. Блинкен дар ин сафари дурӯза қарор аст бо раҳбарон ва мақомҳои аршади Укроин дидор ва гуфтугӯ кунад. 

Блинкен, пас аз вуруд ба Киев дар ҳоле, ки дар канори Кулебо, ҳамтои укроинии худ истода буд, гуфт: “мо мехоҳем мутмаин шавем, ки Укроин ончиро, ки ниёз дорад, дар ихтиёр дорад. Ин ниёзҳо на танҳо барои муваффақият дар ҳамлаи мутақобил, ки барои дарозмуддат, ки ҳатто битавонад як қудрати боздоранда барои ин кишвар бисозад, бояд таъмин шаванд.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular