Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса мегӯяд парчами Русия наметавонад дар Олимпиадаи 2024 Париж барафрошта шавад.
Макрон дар посух ба пурсише дар хусуси ҳузури эҳтимолии варзишгарони русӣ дар бозиҳои олимпии 2024 Париж гуфт: “дар шароите, ки Русия дар ҳоли иртикоби ҷиноёти ҷангӣ аст, наметавон парчами ин кишварро дар Олимпиада нишон дод.”
Аз он ҷое, ки тардидҳои дар хусуси ҳузури эҳтимолии варзишгарони Русия ва Беларус дар бозиҳои олимпии баъдӣ дар Париж вуҷуд дорад изҳори назари раисҷумҳури Фаронса дар ин робита метавонад дорои аҳамият бошад. Макрон дар мусоҳиба бо рӯзномаи варзишии “Акип”, ки шаби чаҳоршанбе мунташир шуд дар ин хусус гуфт: “фикр мекунам бар сари адами намоиши парчами Русия дар бозиҳои 2024 иҷмоъ вуҷуд дорад. Ин кишвар муртакиби ҷинояти ҷангӣ шудааст.”
Бо ин ҳол вай афзуд, ки тасмими ниҳоӣ дар мавриди иҷоза додан ба варзишгарони русӣ ва беларусӣ барои ҳузур дар мусобиқот ба сурати инфиродӣ ба ӯҳдаи Кумитаи байналмилалии олимпии IOC ва раиси он Томас Бах аст.
Бо вуҷуди таҳоҷуми Русия ба Укроин, ки тавассути муттаҳиди деринаи Маскав, Беларус ҳимоят мешавад, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба варзишгарони Русия ва Беларус иҷоза дода то ба унвони варзишгарони бетараф дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат кунанд. Онҳо бояд таҳти як парчами бетараф рақобат кунанд ва албатта мушорикати онҳо ба ин бастагӣ дорад, ки оё фаъолона аз ҷанг дар Укроин ҳимоят кардаанд ё хайр.
Макрон дар идомаи мусоҳиба ба рӯзномаи фаронсавӣ гуфт: “масъалаи воқеӣ, ки ҷаҳони олимпӣ бояд дар мавриди он тасмим бигирад ин аст, ки ба ин варзишгарон, ки гоҳе солҳо барои расидан ба ин ҷойгоҳ худро омода кардаанд чӣ ҷойгоҳе бидиҳад? Саволи воқеӣ ин аст, ки чи гуна метавон байни варзишгарони русӣ, ки аз талошҳои ҷанги Путин ҳимоят мекунанд ва касоне, ки қурбониёни режими ӯ ҳастанд тафовут қоил шуд.”
Раисҷумҳур Фаронса дар идома гуфт: “ин саволи воқеӣ аст ва бояд дар хусуси он тасмим гирифта шавад. Зимни ин ки укроиниҳо ҳам бояд онро дарк кунанд.”
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

