Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк тонна устухони фил дар Чин мусодира шуд

Як тонна устухони фил дар Чин мусодира шуд

Кормандони Хадамоти гумруки вилояти Хейлунҷяни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар қисми шимолу шарқии ин кишвар анқариб як тонна устухони филро мусодира намудаанд.

Устухонҳои фил аз дохили як мошини боркаш, ки тариқи нуқтаи назорати гумрукии ҳавзаи Лобей ба ин мамлакат ворид карда мешуд, ошкор гардидааст. Маводи мусодирашуда аз 107 устухони фил, 37 шохи каркадан ва маъдани қимматбаҳои яшм иборат мебошад.

Ҳангоми тафтиши нақлиёти боркаш ронандаи он фирор мекунад. Аммо пас аз чанде ронанда ва соҳибмулки маводи мошини боркаш дар яке аз меҳмонхонаҳои кишвар дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад тибқи қонуни ҷиноии Ҷумҳурии Мардумии Чин соҳибмулкро ҳукми қатл ва соҳиби мошинро ҳабси тулонӣ таҳдид мекунад.

Устухони фил барои истеҳсоли молҳои қимматбаҳо, пеш аз ҳама барои истеҳсоли кандакориҳои хурд ва зеварҳо истифода бурда мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular