Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет9 мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон шомили рӯйхати ЮНЕСКО шуд

9 мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон шомили рӯйхати ЮНЕСКО шуд

Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО 9 ёдгории фарҳангии пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ қабул кард.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, қарор дар ин бора зимни ҷаласаи 45-уми кумита, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, тасвиб гардид.

Тавзеҳ дода шуд, ки ёдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии «Зарафшон-Қароқум» дар маҷмуъ 9 ёдгориро шомиланд.

Дар ин феҳраст аз ҷумла ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро номбар шуданд.

Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки 17 объекти мероси моддии Тоҷикистон ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО шомил шудаанд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди тобеяш таъкид намуда буд, ки ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳод буда, корҳо барои шомилсолӣ барои мероси фарҳанги умумибашарӣ ҷараён доранд.

Вай гуфт, то охири соли 2023 корҳои номинатсионии долони «Фарғона-Сирдарё» пурра ба анҷом расонида шуда, барои шомил намудани ёдгориҳои долони мазкур ба Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ирсол мегардад

Ҳамзамон, корҳо оид ба пешбурди номинатсияи «Ҳулбук-Хуттали қадим» аз ҷониби мутахассисони вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст, илова намуд ӯ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular