Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон бо Гуттериш дидору гуфтугӯ кард

Раҳмон бо Гуттериш дидору гуфтугӯ кард

Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар Ню-Йорки Амрико қарор дорад, бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дидору гуфтушунид кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистонт хабар медиҳад. Қарор аст Раҳмон дар Маҷамъаи умумии Созмони милал ва нишасти сарони кишварҳои ОМ бо раисҷумҳури Амрико ширкат кунд.

Ба иттилоъи манбаъ, дар мулоқоти Раҳмону Гуттериш ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, баррасӣ шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша карданд.

Раҳмон иддао карда, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 саъю талош дорад ва дар ин самт Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 қабул карда, чандин барномаҳои дигари давлатиро мавриди иҷро қарор додааст.

Дар рафти мулоқот раисҷумҳури Тоқикистон ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз “ташаббусҳои глобалии” кишвараш изҳори сипос карда шуд. Гуфтанист қабули пешниҳодҳои Тоҷикистон дар мавриди об, аз ҷумла даҳсолаи оби тоза эълон намудани СММ баъди пешниҳоди Тоҷикитсон мавзӯъҳои дӯстдоштаи Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояш аст. Ин дар ҳолест, ки наздики 60 дарсади аҳолии кишвар ба оби тоза дастрасӣ надорад.

Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя, Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишвар барои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст.

«Бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содир мешавад», — гуфтааст ӯ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular