Sunday, January 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Истиқлол” меҳмононро бо як ва “Персеполис” бо се хол гусел карданд

“Истиқлол” меҳмононро бо як ва “Персеполис” бо се хол гусел карданд

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе шоми дирӯз, 19 сентябр, дар варзишгоҳи аслии кишвар аввалин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 дар гуруҳи “Е” бо тими “Ад- Духайл”-и Қатар бидуни гол ба поён расонд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ, ки байни  “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо “Персеполис”-и Эрон дар майдони “Озодӣ”-и Теҳрон баргузор шуд, тими Роналду бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд ва дар садри ҷабвали гурӯҳ қарор гирифт.

Дар ҳарду бозӣ ҳам бартарии дастаҳои меҳмон эҳсос мешуд ва соҳибони майдон натавонистанд аз, ба гуфтаи сармураббии “Истиқлол” бозигари 12-ум, яъне мухлисон истифода кунанд. 

Дар Душанбе барои тамошои бозӣ дар варзишгоҳи марказии пойтахт 17500 нафар тамошобинон чамъ омада буданд.

Дар Теҳрон, аз дақиқаи 52-ум эрониҳо бо корти сурх гирифтани яке аз бозигаонашон 10 нафар боқӣ монданд. Ду ситораи “Ан-Наср” — Садио Мане ва Криштиану Роналду бозии чандоне нишон надоданд ва дар охири он иваз шуданд.

“Истиқлол” бозиҳои навбатии худро дар Риёз бо “Ан-Наср” рӯзи 2 октябр ва дар Теҳрон бо “Персеполис” рӯзи 24 октябр баргузор мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular