Saturday, October 25, 2025
ADS
HomeПаём нетАмрико ирсоли тонкҳои “Абрамс” ба Укроинро ба зудӣ оғоз мекунад

Амрико ирсоли тонкҳои “Абрамс” ба Укроинро ба зудӣ оғоз мекунад

Ллойд Остин, вазири дифоъи Амрико мегӯяд кишвараш “ба зудӣ” таҳвили тонкҳои Абрамс ба Укроинро оғоз хоҳад кард. 

Вашингтон ибтидои соли ҷорӣ ваъдаи таҳвили ин тонкҳоро ба Укроин дода буд. Ллойд Остин ҳамчунин гуфт, ки амалиёти зидди таҳоҷумии Укроин алайҳи низомиёни Русия мураттаб дар ҳоли “пешрафт” аст. 

Вазири дифоъи давлати Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико ин суханонро дар оғози нишасти кишварҳои муттаҳиди Укроин дар Олмон баён кард. Ҳудуди панҷоҳ кишвар дар ин нишаст, ки дар пойгоҳи Рамштайн мутааллиқ ба низомиёни Амрико дар ҷануби Олмон дар ҳоли баргузорӣ аст, ширкат кардаанд. 

Ҳадаф аз ин нишаст эҷоди “ҳамоҳангӣ” дар ирсоли кумаки низомӣ ба Укроин унвон шудааст. Ин аввалин нишасте аст, ки бо ҳузури Рустам Умаров, вазири дифоъи ҷадиди Укроин баргузор мешавад. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин ахиран дар пайи ифшои чанд парвандаи фасоди молӣ дар ин вазоратхона маҷбур ба тағйири вазири дифоъи давлаташ шуд. 

Тонкҳои Абрамс, ки Амрико ба Укроин таҳвил хоҳад дод муҷаҳҳаз ба муҳиммоте бо ураниуми заифшуда хоҳанд буд. 

Вашингтон чанд ҳафтаи пеш эълом карда буд, ки муҳиммот бо ураниуми заифшуда ба Укроин ирсол хоҳад кард. Ин муҳиммот дар муқобили таҷҳизоти зиреҳӣ короӣ хоҳанд дошт аммо ағлаб истифода аз онҳо ба далели хатари масмумият барои сарбозҳо ва ғайринизомиён мавриди интиқод қарор мегирад. 

Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳои узви НАТО ҳамакнун наздик ба 95 миллиард доллар ба Укроин кумаки низомӣ кардаанд. 

Нишасти кишварҳои муттаҳиди Укроин дар Раммштайн дар ҳоле баргузор мешавад, ки Владимир Зенеский қарор аст барои аввалин бор дар нишасти маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид ҳузур пайдо кунад. Ў соли гузашта ба таври истиснои иҷоза пайдо кард то аз тариқи тамоси видеоӣ дар ин иҷлос суханронӣ кунад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?