Monday, March 9, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКумитаи дин манъи табрик ба рӯзи ҷумъаро такзиб кард

Кумитаи дин манъи табрик ба рӯзи ҷумъаро такзиб кард

Мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ қонун ё дастуре дар бораи манъи табрик кардан ба рӯзи ҷумъа содир накардаанд ваусулмонони Тоҷикистон метавонанд дар рӯзи ҷумъа ба ҳамдигар паёми табрикотӣ фиристанд. Ҳамин тавр, паёмҳои савтӣ бо мазмуни “манъи табрикот бо рӯзи ҷумъа”, ки чанд рӯзи охир дар паёмрасонҳо паҳн шуданд, заминаи қонунӣ надоранд. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Афшини Муқим гуфт, дар робита ба ирсолу бознашри паёмҳое дар мисоли “ҷумъа муборак” ва монанди он дастуру меъёри махсус таҳияву қабул нашудааст.

“Ин гуна паёмҳо ягон асоси қонунӣ надоранд ва онро нафарони иғвоангез байни ҷомеа паҳн кардаанд. Бо мазмуни мазкур дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна тағйирот ворид нагардидааст”, — таъкид кард сухангӯи Кумита.

Бояд гуфт, ки чанд рӯз инҷониб дар паёмрасонҳо сабтҳои аудиоие ба гардиш даромаданд, ки гӯё дар Тоҷикистон барои ирсолу бознашри паёмҳое дар мисоли “ҷумъа муборак” ва монанди он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян гардидааст.

Аз ҷумла, як мард бо ирсоли паём ба дӯстону хошовандонаш гуфтааст, ки “ба рӯзи саиди ҷумъа табрик кардан дигар манъ шудааст ва ду сол “статя” (ҷазо ё ҳукми зиндон дар назар аст, — муаллиф) дорад”.

Ба ин монанд, як зан пайоми овозӣ паҳн кардааст, ки гӯё дар ҷои кораш аз ӯ дар хусуси табрикот бо рӯзи ҷумъа баёнот гирифтаанд ва огоҳӣ додаанд, ки дигар дӯстону наздиконашро ба ин рӯз таҳният нагӯяд.

“Қонунаш баромадааст. Дигар дар Ватсапу Имо ҳамдигарро “Ҷумъаи саид муборак!” гуфта табрик накунед. Қоғазҳоро оварда ба мо фаҳмонданд ва дар зераш имзо мондем”, — гуфтааст он зан, ки шахсияташ номаълум аст.

Нашри ин гуна паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳоеро ба миён оварда ва ҷомеаро сахт нигарон кардааст. Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо имрӯз шаҳрвандон дастикам ин гуна 5 паёми овозиро ба масъулини Кумита равон кардаанд ва пурсон шудаанд, ки воқеият дорад ва ё хайр.

Афшин Муқим таъкид мекунад, ки хабари мазкур комилан беасос аст.

Эҳтимол аст, чунин хабарҳо дар пайи бархӯрдҳои ниҳодҳои давлатии кишвар бо масоили динӣ паҳн шуда бошад. Зеро дар як даҳсолаи ахир ба масҷид рафтани кӯдакони то синни 18-сола манъ шуда, маъракаи зидди риши мардону сатри занон роҳандозӣ гардид ва сокинонро бисёр эҳтиёткор ва ҳасос ба масоили динӣ намуд.

Шаҳрвандон аз ин вазъ нигаронӣ мекунанд, вале мақомот дар аксар ҳолат бархӯрди қатъии худро бо масоили динӣ ба мубориза бо ифротгароӣ рабт медиҳанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular